МАҶЛИСИ ҲИЗБӢ БО ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

14-15 феврали соли 2024 Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон ва ноҳияи Муъминобод баргузор гардид, ки дар кори онҳо Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, раисони ноҳияҳои мазкур, аъзои Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияҳо, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб иштирок карда, амалигардии нақшаи чорабиниҳои бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва чанде аз масъалаҳои дохилиҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

ХУРОСОН

Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон аз 3 масъала иборат буд: Ҳисоботи Роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон дар соли 2023 ва вазифаҳо барои минбаъда, ворид намудани тағйирот ба ҳайати Кумитаи иҷроия ва раёсати он ва дигар масълаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис ҳисоботи Роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон дар соли 2023 ва вазифаҳо барои минбаъда шунида шуд.

Тибқи масъалаи дуюми рӯзнома ба ҳайати Кумитаи иҷроия ва раёсати он тағйиротҳо ворид гардид. Зимнан дар идомаи маҷлис Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб баромад карда, аз ҷумла қайд намуд, ки санаи 9 февари соли равон таҳти раёсати Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ доир гардид, ки дар он оид ба таҷлили 30-солагии таъсисёбии ҳизб дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Қайд гардид, ки 10-уми декабр Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст, ки мо фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони он ҳамчунин ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар фазои сулҳу суботи мамлакат таъсисёбии ҲХДТ- ро бо дастоварду комёбиҳо ва муваффақиятҳои нав ба нав истиқбол хоҳем кард. Инчунин, дар Паёми навбатӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024-ро соли “Маърифати ҳуқуқӣ” эълон доштанд, ки мо ҳизбиён дар якҷоягӣ бо тамоми аъзои хеш миёни мардум оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон чорабиниҳои сиёсию фарҳангиро доир менамоем, таъкид дошт Саидзода Ҷамшед Ҳамро.

Дар идомаи маҷлис Турсунзода Дӯстмурод Турсун бинобар сабаби ба вазифаи дигар гузаштан аз вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон озод гардид. Барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда гузоштан дар амалӣ шудани ҳадафҳои барномавии ҳизб бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуд.

Ҳамчунин, номзадии Бозоров Рустам Савзалиевич, ки бо розигии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъйин шудан дар вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон пешбарӣ гардидааст, ба овоз гузошта шуд ва номбурда аз ҷониби иштирокдорон дастгирӣ ёфта, дар ин вазифаи пурмасъулият интихоб гашт.

МУЪМИНОБОД

15-уми феврал Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод бо тағйироти кадрӣ баргузор гашт ва дар он 3 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.
 

Нахуст, ҳисоботи Роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Муъминобод дар соли 2023 шунида шуд. Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис маърӯзачиён дар бораи омодагӣ ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баромад намуданд. Бояд гуфт, ки дар идомаи маҷлис Салоҳиддин Мирзобаротзода бинобар сабаби ба вазифаи дигар гузаштан аз вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод озод гардида, барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда гузоштан дар амалӣ шудани ҳадафҳои барномавии ҳизб бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуд.
 

Ҳамчунин, номзадии Ҷали-лова Сайрамбӣ, ки бо розигии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъйин шудан дар вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод пешбарӣ гардидааст, ба овоз гузошта шуда, номбурда аз ҷониби иштирокдорон дастгирӣ ёфта, дар ин вазифаи пурмасъулият интихоб гашт.
 

Ёдовар мешавем, ки дар маҷлис Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб доир ба таҳким бахшидани фаъолияти ҳизбӣ дар ноҳияи Муъминобод баромад карда, аз ҷумла қайд кард, ки мо ҳизбиён фаъолияти хешро дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, тамоми саъю талоши хешро баҳри ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва расидан ба зиндагии шоистаи мардум равона месозем. Мо, ҳизбиён имсол 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ-ро бо баргузории конференсияву мизҳои мудаввар, ташкили аксияву ташаббусҳои ҳизбӣ, суҳбату вохӯриҳо бо мардум ва амсоли инҳо истиқбол мегирем.

Амонҷон МУҲИДДИНОВ,
"Ҳамрози халқ"