ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба 31-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби Президентӣ” барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Кӯшониён бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода М. ва дигар раисони ташкилоту корхонаҳо дар толори барҳавои муассисаи таълимӣ чорабинии илмӣ-фарҳангӣ зери унвони “Ватан марзи саодатпарваратро пос медорем” баргузор гардид.

Нахуст Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода М. ба муносибати 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро табрик намуда, зикр кард, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат яке аз шоҳсутунҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон маҳсуб ёфта, кафили сулҳу субот, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ва дар маҷмуъ таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат мебошад.

Зимнан қайд гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зодаи даврони истиқлол мебошад, зери сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаи муқаддасу пуршараф – ҳимояи соҳибихтиёрии давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеаро сарбаландона иҷро намуда истодаанд. Воқеан, ҳифзи истиқлолу озодии давлат ва расидан ба чунин ҷашнҳои бузург, пеш аз ҳама, натиҷаи сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат ва хизмати содиқонаву ватандӯстонаи ҷузъу томҳои Артиши миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад.

Дар идомаи суҳбат Ҳакимзода Миҷгона ҷавононро ба хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ҳидоят карда, таъкид намуданд, ки муқаддастарин арзиши ҳаёт-дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани марзу буми Ватан мебошад.

Чорабиниро барномаи фарҳангии ташкилнамудаи муассиса, ки иборат аз машқҳои дидактикӣ суруду таронаҳои ватандӯстона, саҳначаҳои тарбиявӣ, рақси гулдухтарон ва ғайра иборат буд, ҳусни дигар зам намуд.