ТАШАББУСИ «МАКТАБИ МАН» ГУЗАРОНИДА МЕШАВАД.

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар заминаи ташаббуси нави ҳизбӣ ба номи “Мактаби ман” рӯзи 28-майи соли ҷорӣ як гурӯҳ хатмкунандагони солҳои 2000-2007-и муассисаи таҳсилоти миёнаи №13-и деҳаи Навободи деҳоти Гулшани ноҳияи Фархор бо ҳам ҷамъ омада, ба хулосае омаданд, ки дар радифи ташаббуси нави ҳизбӣ “Мактаби ман” дар назди муассисаи таълимии номбаршуда чор синфхонаи иловагии ҳозиразамон сохта, онҳоро ҳаматрафа ҷиҳозонида то оғози соли нави хониши 2022-2023 ба ихтиёрдории таълимгирандагон  месупоранд.

Ин ашхоси ташаббускор ва саховатпеша Халифаев Фаррух, Одинаев Олим, Асламов Алишер, Исупов Амонулло, Ҳакимов Сорбон, Олимов Азиз, Олимов Абдуғаффор, Қаюмов Мирзо, Расулов Фируз, Гиёев Файзиддин, Лалбеков Маъруф, Қурбонов Баҳодур, Қаюмов Расул, Боймадов Хисрав ва чанде дигарон мебошанд, ки чанд нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, гурӯҳе дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар  ба кор машғул мебошанд.  Нақша ва тарҳи сохтмони синфхонаҳои иловагӣ омода буда,  сохтмон алакай оғоз ёфтааст.

Офарин, ба ин нафарон, ки аз ҳисоби маблағҳои пасандози худ баҳри беҳтар кардани шароити мактаби азизи худ иқдом гирифтаанд.