САРФАРОЗ ГАРДОНИДАНИ СИПОСНОМАҲО БА ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ИНШОИ БЕҲТАРИН ТАҲТИ УНВОНИ «ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ-ИФТИХОРИ МИЛЛӢ»

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 22-юми феврали соли ҷорӣ дар асосои нақша - чорабиниҳои Шуъбаи кор бо ҷавонон ва занон, намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»  дар ноҳияи Муъминобод бахшида ба 31-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2- ноҳия озмуни иншои беҳтарин зери унвони «Қувваҳои Мусаллаҳ-ифтихори миллӣ» доир гардид. Озмуни беҳтарин иншо миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудудин ноҳия гузаронида шуд.

Дар озмуни иншои беҳтарини хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳияи фаъолона иштирок намуда, беҳтаринҳо ба Cипоснома ва тӯҳфаҳои омоданамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ сарфароз гардонида шуданд.

Зимни чорабинӣ аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ноҳияви Сайрамби Ҷалилова қайд гардид, ки ҷавонон нерӯи бузурги пешбарандаи давлату миллат ба ҳисоб рафта, барои ташаккули ҳаёти онҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамеша чораҳои мушаххас андешида мешавад. Бо ин мақсад ҷавонони кишварро низ зарур аст, ки донишу малака ва маҳорати зеҳниву ҷисмонии худро ташаккул дода, барои хизмат ба Ватан ва ҳифзи марзу буми кишвар, инчунин, пос доштани муқаддасоти миллӣ ҳамеша омода бошанд.

Иброз карда шуд, ки имрӯз хоинони миллат аз дур ба пешрафту ободии ин кишвар санги маломат мезананд. Агар ҷавонони мо соҳибилму соҳибмаърифат, ватандӯсту бо садоқат бошанд ва дар ҳимояи Ватан аз як гиребон сар бароранд, он гоҳ ба душманон зафар меёбанд. Бо ин мақсад ҷавонони қишварро лозим аст, ки пеш аз ҳама зиракии сиёсиро аз даст надода, ба фитнаву дасисаҳои хоинон дода нашаванд.