СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ №6

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси  Нақшаи амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия,  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 –миёни хонандагони синфҳои болоӣ “Соати сиёсӣ” доир карда шуд.

Дар “Соати сиёсӣ” масъулин дар мавзуъҳои “ Тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавонон ва ҳувияти миллӣ”, “ Вазъи ба вуҷуд омада дар ҳамсоякишвар – Афғонистон ва таҳдидҳои он ба Тоҷикистон, ҳамчунин, мавҷудияти низоъ бо сабабҳои воқеии он бо Қирғизистон”, “Фишангҳои муқовимат бо гурӯҳҳои ифротӣ” суханронӣ намуда, ҷавононро таъкид карданд, ки онҳо ояндаи давлату миллати тоҷик буда, ҳифзу гиромидошти  ҳар зарра обу хоки Ватани қарзи фарзандии насли ояндасоз мебошад.