Қувваҳои Мусаллаҳ -ҷавшани қавии кишвар аст.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ санаи 21 феврали соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таълимии №61-и ноҳияи  Восеъ  вохӯрии судманд бахшида ба таҷлили рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ, Асроров Маҳмадулло-раиси ташкилоти ибтидоии “Фидоиёни Ватан”, як гурӯҳ аз намояндагон-сарбозони интернатсионалист ва омӯзгорону хонандагон вохӯриву мулоқот ва чорабинӣ бошукӯҳ баргузор гардид.Зимни баромади хеш нотиқон оид ба роҳи пуршарафи тай намудаи Артиши миллӣ ва заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қайд намуда, ҳамзамон иброз доштанд, ки боиси ифтихору сарфарозист, ки мо мардуми сарбаланди Тоҷикистон дар фазои дӯстиву рафоқат ва суботу оромӣ ҳаёт ба сар бурда, ҳар як пешрафту комёбӣ ва дастовардҳои арзандаи давлату миллатро дар сиёсату иқтисодиёт, фарҳангу маданият ва илму маориф бо санаҳои хотирмон ҷашн мегирем. Яке аз чунин санаҳо ин рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он дар ин давра ба як нерӯи тавоно ва ниҳоди пурқудрат табдил ёфтааст. Таъсисёбии Артиши миллӣ яке аз омилҳои муҳими ҳастии давлату миллат ба ҳисоб рафта, он собит менамояд, ки фарзандони ин сарзамини бостонӣ барои ҳифзи обу хок, боигарӣ ва дороии Ватани худ содиқ буданд ва ҳамеша содиқ мемонанд.

Баъд аз мулоқоту сӯҳбатҳои муфид хонандагон низ дар васфи Ватан, Тоҷикистон, ҷоннисориҳои фарзандони миллат ва шаҳомати Қувваҳои Мусаллаҳ шеърҳо қироат карда, чорабиниро боз ҳам гуворотар намуданд.