30-СОЛИ СОЗАНДАГИВУ ТАШАББУСКОРӢ ДАР ПАРТАВИ СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ.

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо дар партави сиёсати ободкоронаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷараёни корҳои ободонӣ,  сарсабзу хуррамгардонӣ дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Балҷувон вусъати тоза гирифта, аъзо  фаъолон ва ҷонибдорони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар сарсабзу хуррамгардонӣ саҳми шоён мегузоранд.

Масъулини Кумиати иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон низ, пайваста баҳри сиёсати ободкоронаи Раиси муззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои таблиғотиву ташвиқотиро миёни аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб роҳандози  намуда, рисолати аҷдодии хешро дар масири хуррамиву кабудизоркунӣ иҷро менамоянд.