ҲУНАРИ ХӮРОКПАЗИИ МАРДУМИ ТОҶИК ХЕЛЕ БОЙ АСТ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Хурокҳои милли тоҷикӣ аз қадимулайём маъруфу машҳур буда, бо таъму лаззати худ мақубли истеъмолкунандагон шудааст. Тарзи тайёр намудани ин таъомҳо чандон мушкил набуда, барои тайёр намудани онҳо танҳо ҳавсала ва хоҳиш лозим аст. Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ асосан ду намуди худро доранд, яке хӯрок дар шакли бирён кардан ва дигаре дар шакли дар об пухтан, инчунин дар танӯр пухтани самбусаҳои гуногун, дар буғ пухтани манту, хеле маъмул буда, ҳамаи онҳо иштиҳоовар ва бомазза мебошанд. Ба таъомҳои тоҷикӣ ҳамеша гўшт, сабзавот, равғанҳои зағер, кунҷитӣ ва гиёҳҳои хушбӯйро истифода бурда, тавассути онҳо лаззати хӯрокро иштиҳоовар мекунанд. Тарзи тайёр намудани хӯрокҳои миллии тоҷикӣ нишон медиҳад, ки ҳар як пазанда метавонад дар пухтани ин ё он таъом аз худ ягон чизи дигаре илова карда, хӯрокро бомаззатар намояд. Яъне дар ин ҷо қоидаҳои тайёр кардани таъом зарур бошад ҳам, вале баъзе пазандагон меъёрҳои худашонро истифода мебаранд, ки дар натиҷа хӯрок боз ҳам ҷолибтар мешавад. Ҳунари хӯрокпазии  мардуми тоҷик гуногун буда, дар онҳо асосан маҳсулотҳое истифода бурда мешаванд, ки ба иқлими ин ё он минтақа вобаста аст. Аксаран аз маҳсулотҳои хеле оддӣ ҳам  пухтани таъомҳои дилписанд имконпазир аст. Ин далолат медиҳад, ки ҳунари хӯрокпазии мардуми тоҷик хеле бой аст ва метавонад, чун мероси миллӣ дар байни таъомҳои маъмулии Тоҷикистон ҷойи шоистаи худро ишғол намояд.