КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ,

бо мақсади бунёди роҳҳои байни ҷамоати деҳоти Себистон, деҳаи Разиён бо ҷалби сокинони деҳа, ҷиҳати амалӣ намудани корҳои ободонӣ, созандагӣ ва тозаю зебо гардонидани деҳаи номбурда ҳамарӯза ҳашари дастаҷамъона гузаронида мешавад. Дар амалишавии корҳои созандагӣ ва ободони диёри хеш саҳми аъзоёни фаъоли ҳизбӣ назаррас мебошанд.