АКСИЯИ ТОЗАГИИ СОҲИЛ ДАР ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ МУЪМИНОБОД

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳидоятҳои роҳбарияти болоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки аъзоёни ташкилоти ҷамъияти ҷавонон «Созандагони ватан»  дар ноҳия ҷиҳати корҳои ободонию созандагӣ ва истиқбол аз ҷашнҳои миллӣ дар Ҷамоати шаҳраки  Муъминобод Аксияи тозагии сосҳил гузаронида шуд.

Мақсад аз баргузории аксияи мазкур ин тозагии муҳити зист аз ҳаргуна партовҳои маишӣ, пешгирии бемориҳои сирояти ва ба ин васила тарғиби тарзи ҳаёти солим тозаю озода нигоҳдоштани соҳили дарёҳо мебошад.

Раиси ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии Ҷамоати шаҳраки Муъминобод Мирзошарифзода Сабоҳат  роҳбари  ташкилоти ҷамъияти ҷавонон «Созандагони ватан»  дар ноҳия  дар амалишавии аксияи ҳизбии " Тозагии соҳил" иштирок карда, ба аъзоёни фаъоли ҳизб, ки дар корҳои ободонию созандагӣ фаъолона ширкат варзиданд, баҳои баланд дод