МУНТАЗАМ ТОЗА НАМУДАНИ РОҲРАВҲО АЗ БАРФ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара, кормандони хоҷагии Коммуналии ҷамоати деҳоти Себистон корҳои ободонию созандагиро ба роҳ монда, дарахтони сояафканро ва роҳравҳоро аз барф тоза намуданд. Кормандони фаъоли ҳизбӣ тасмим гирифтаанд, то ба анҷом расидани боришот ва обшавии қабати барф дар доираи фаъолияти ситод навбатдории шабонарӯзӣ ташкил гардида, мавзеъҳои вобасташуда, мунтазам аз барф тоза карда шуда, дар роҳравҳо маводҳои зидди лағжиш рехта мешавад.