ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРОНИ МТМУ №72 ДАР «АКСИЯИ ТОЗАГӢ»

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид гардида буд,  дар сартосари кишвари азизамон корҳои ободонию созандагӣ ва иқдомҳои бунёдкорона роҳандозӣ гардида истодааст. Дар ташкилоти ибтидоии “Марофчиён” – и ноҳияи Данғара ҳамарӯза  Аксияи "Мо омӯзгорон рисолати созандагӣ дорем",  корҳои ободонӣ, шинонидани дарахтони ороишӣ ва мевадиҳанда дар гирду атрофи  тамоми Муассисаҳои таълимии ноҳия бо вусъат идома дорад.  Дар ҳамин радиф, омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳо бо истифода аз боду ҳавои мусоид ва фаро расидани мавсими ниҳолшинонӣ, бо мақсади кабудизоркунӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию зебоибахшӣ аксияи ниҳолшинонӣ роҳандози намуданд, ки дар доираи он миқдори зиёди ниҳолҳои ороишию сояафкан шинонида шуд.