БЕҲТАР ГАРДОНИДАНИ ҲОЛАТИ МЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲОИ КИШОВАРЗӢ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, паст гардонидани обҳои зеризаминӣ, пешгирӣ намудан аз эрозияи замин ва шӯршавӣ ва ба ин васила баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ бо истифода аз экскваторҳои соҳавӣ имрӯзҳо дар ноҳияи Дӯстӣ, кандан ва тоза намудани заҳкашу каналҳо бо маром идома дорад. Инчунин бо назардошти он, ки дар фасли баҳор боронгариҳо. зиёд мегардад канал ва роҳҳои селгузар низ тоза карда мешаванд.
Санаи 16.02.2024, бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии. деҳоти "Нури Вахш" Турдиев Амондавлат дар якҷоягӣ бо сардори Бахши РКҲФ ва МГ вилояти Хатлон дар ноҳияи Дӯстӣ, Файзуллозода Дурахшон бо истифода аз ду адад экскватор
зиёда аз 1 километр канал ва роҳҳои селгузари Ҷамоати деҳоти Нури Вахш тоза карда шуд. Баъди тоза намудани канал ва роҳҳои селгузар хонаҳои сокинон, ки дар наздикии доманакӯҳҳо ҷойгиранд аз хатари селфароӣ ва обхезӣ пурра эмин мебошанд.