ТАШКИЛИ КИТОБХОНАИ ИДОРАВӢ ДАР НАЗДИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “НАШРИЁТ”

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Доираи фаъолият ва вазифаҳои китобхона: ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва ғанӣ гардондани адабиёти чопӣ ва анвои дигари иттилоот; таъмини иртибот байни аснод ва истифодабаранда; пешниҳоди хадамоти китобдорӣ, иттилоотӣ ва библиографӣ, таъмини дастрасӣ ба хазинаи китобхона ба василаи низоми феҳристҳои анъанавӣ ва электронӣ, захираҳои иттилоотии дохилӣ ва хориҷӣ; ташкил ва истифодаи технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаи китобдорӣ; пешбурди фаъолияти илмӣ, омӯзишӣ ва методӣ. Ҳадафи китобхона: қонеъ кардани ниёзҳои иттилоотии истифодабарандагони адабиёт.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат оид ба ҷалби ҳарчи бештари аҳолии кишвар ба китобхониву китобдӯстӣ ва ташкили китобхонаҳо дар назди ташкилоту идораҳо аз тарафи аъзоёни ТИ “Нашриёт” дар назди ташкилоти мазкур  китобхонаи идоравӣ ташкил карда шуд, ки  дар хазинааш зиёда аз 600 нусха адабиётҳои бадеиву илмӣ ҷамъоварда шудааст. Дар ин асно масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия аз китобхонаи мазкур ва фаъолият он дидан намуда, ба ташкилкунандагон барои чунин амали нек баҳои баланд доданд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш