Шуғли пурмаҳсули ҷомеъа - пешрафти устувори иқтисодӣ!

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Бо ташаббус ва амалигардӣ аз тарафи ташкилоти ибтидоии ҳизбии " Шуғли аҳолӣ" миёни омма дар маркази ноҳияи Хуросон аксияи "ҷойҳои холии корӣ" бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон баҳри бо кор таъмин намудани бекорон дар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва кишоварзӣ, инчунин ҷалб намудани коргарон ва мутахассисон ба кор ба нерӯгоҳи барқию обии Роғун баргузор гардид.
Шуғли пурмаҳсул ва кафолатноки аҳолӣ яке аз омилҳо ва асосҳои пешравии иқтисодии ҷомеъа ва дар маҷмӯъ мамлакат низ ба шумор меравад. Бинобар ин ҳар як шахси солимфикр бояд барои худ касбе ,илме ё ҳунаре дошта бошад ва бекориро асоси зиндагии худ накарда кӯшиши кор карданро дар ҳама марҳилаҳои ҳаёти худ пеша гирад ва аввал сатҳу сифати зиндагии хонаводаи худ ва ҷамъан ҷомеъа ва давлатро баланд намояд.