РОҲСОЗӢ АМАЛИ НЕКИ ИНСОНИСТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Нимаи дуюми рӯзи 27 – майи соли ҷорӣ дар асоси нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид  ба амалисозии ташаббусҳои ҳизбӣ дар самти созандагию ободонӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди Ҷамоати деҳоти Хуросони ноҳияи Фархор корҳои ободонӣ ба роҳ монда шуданд.

Дар ин рӯз аз тарафи аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикитстон дар пайравӣ ба амалҳои созандагӣ ва бунёдкории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон бахшида ба сазовор истибол намудан аз ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда 5 километр роҳҳои бойни деҳаҳои ҳудуди ҷамоати мазкур сангфарш карда шуданд.