ДАСТГИРИИ АЪЗОЁНИ ҲХДТ БА СОҲАИ МАОРИФ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Илму маориф аз самтҳои хеле муҳими сиёсати давлатӣ буда, пешрафти минбаъдаи Тоҷикистон ба рушди маорифи миллӣ ва беҳдошти заминаи таълим вобаста мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар партави иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар самти  соҳаи маориф аз тарафи шахсони саховатманду соҳибкорони бо нангу номуси кишвар оид ба дастгирии ин соҳа корҳои назаррасе дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба анҷом расонида шудааст.

Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ аъзои фаъоли ҲХДТ, Валиев Хуршед таърихи 15.02 соли 2024 ба МТМУ №8-и ноҳияи Вахш 20 ҷуфт мизу курсӣ, яъне 40 ҷойи нишаст барои хонандагон  ба маблағи 9400 (нуҳ ҳазору чорсад) сомонӣ  ҳадя карда шуд, ки ин амали хайру савоби соҳибкор шоистаи таҳсин аст.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш.