МО ИН ВАТАНРО САРСАБЗУ ХУРРАМ МЕКУНЕМ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии муассисаи давлатии “Қасри фарҳанги ҷумҳуриявӣ Данғара” ҳамарӯза бо иштироки бевоситаи директори  муассиса Муродализода Ҷамшед ва котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Абдуллозода Сафар мунтазам иқдомҳои дарахтшинонӣ ва ободу зебо гардидани муҳити кору зист сурат мегирад. Маконе, ки поку озода бошад, аз шаъну мақоми баланди сокинонаш гувоҳӣ медиҳад. Иқдоми сабзкорӣ таҳти унвони "Мо ин ватанро сарсабзу хуррам мекунем" дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ пайваста гузаронида мешавад.