Ташаббусҳои ҲХДТ амалӣ мегарданд

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав бо  мақсади  беҳтар  ба  роҳ  мондани  ҳолати  роҳҳо  ва  шоҳроҳҳои  дохили  ноҳия  корҳои   сохтмонию  ободонӣ   ва таъмири  роҳҳоро дар доираи  аксияи  ҳизбии  «Якҷоя  месозем!»  амаль намуда  истодааст. 

Бо ташаббуси  узви Кумитаи  иҷроияи ноҳиявии ҳизб, раиси  ноҳияи  Носири  Хусрав Шарифзода  Маҳмадаюб Сайнеъмон  ва  дастгирии   ташкилоти  ибтидоии ҳизбии  "Роҳсоз  барои  нигоҳубин ва ба  тартиб  овардану асфалтпӯш  намудани роҳҳои  дохили  маркази  ноҳия Аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем!!» баргузор намуда, даромадгоҳи шоҳроҳи  ноҳияро  дар  масофаи 1 км. асвалтпӯш намуданд. 

Масъулини  Кумитаи  иҷроия  ба кормандони  идораи  роҳсоз   суҳбат намуда, қайд карданд, ки   нигоҳубин  ва  таҷдиди  роҳи  мошингарди ноҳия  вазифаи асосии  кормандони  муассиса  буда, сари  вақт  таъмиру  азнавсозӣ кардани  роҳҳо мебошад.