Баргузории Соати Сиёсӣ таҳти унвони “Омӯзгорӣ - пешаи ман”

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаи таълимии  №11-и ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ бо иштироки омузгори собиқадори ноҳия Гулмадова Амина ба хонандагони синфҳои болоӣ соати сиёсӣ  дар мавзӯи омузгорӣ- касби пурифтихор гузаронида шуд. Зимни баргузории Соати сиёсӣ қайд гардид, ки агар барои бартараф гардидани торикии шаб ва сукути беинтиҳои он накҳати субҳ ва хуршеди дурахшон лозим бошад, барои ба роҳи дониш рафтану сабзидани орзуву мақсадҳои накӯ ва рушании зиндагии инсон омӯзгор нақши субҳ ва хуршедро дорад. Ин аст, ки аз ибтидои ҷомеаи башарӣ ҳамеша устодро роҳнамову роҳкушо ва тарбиятгару таълимдиҳанда меҳисобанду ба бузургияш арҷ мегузоранд. Зери мафҳуми мазкур нафаре пеши назар меояд, ки ба омӯзонидани дигарон машғул асту наврасонро ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Беҳуда омӯзгорро чароғи ақлу нури маърифат нагуфтаанд.Дар идомаи Соати сиёсӣ оиди мавзӯъҳои мубрам  аз қабили шарҳу тавзеҳи бандҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ , сазовор истиқбол гирифтани 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", саҳми арзанда гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тунд ва ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша карда шуд.