СОЛИ 2024 «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ» -ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, тавассути фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, шаҳрвандон ва ҷалби воситаҳои ахбори омма амалӣ мегардад.

Бо назардошти эълон гардидани "Соли 2024 соли маърифати ҳуқуқӣ" бо ибтикори Иттифоқи касабаи кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”и ноҳияи Кӯшониён китоби Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дафтарҳои муроҷиати шаҳрвандон, китоби содироту воридот нашр гардида, ройгон ба муассисаҳои таълимии ноҳия дастрас карда шуда истодааст.       

Зимни дастраси ба ин маводу санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ Вализода Бобоҷон мудири шуъбаи маориф иброз дошт, ки ҳадаф аз ин инқдомҳо баланд гардидани маърифати ҳуқуқии роҳбарони муассисаҳои соҳаи маориф буда марҳила ба марҳила ислоҳ намудани камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти кории онҳо мебошад. Аз ин иқдом, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён барои ҳамкориҳо бо Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф исҳори сипос намуд.