ТОЗА НАМУДАНИ ЗАҲБУР ВА ЗАҲКАШҲО ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии замин бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Идораи беҳдошти замин ва обёри"-и ноҳия дар баъзе ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳия вазъи саробу тоза намудани заҳбур ва заҳкашҳоро раҳандозӣ намуда, дар ин самт як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст.

Дар ҷамоати деҳоти мазкур заҳбуру заҳкашҳо бо дарозии 35 километр тоза карда шуда, дар ин самт корҳо идома доранд.

Айни замон ҷиҳати тоза намудани заҳбур ва ба ҳолати обёрӣ омода намудани заминҳои корам техникаҳои экскватори Хундай ва Дроглайн дар ҳолати омодабош қарор дошта, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо ва шабакаҳои обёрӣ ба нақша гирифта шудааст.