ГУЗОШТАНИ САҲМИ БЕАНДОЗА ДАР КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ ОБОДКОРӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳифз намудани табиат ва тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи манзили зист, ташкилотҳо, муассисаҳо ва коргоҳҳо ба худи инсон вобастагии комил дошта, қарзи ҳамешагии шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади татбиқи нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади бунёди гулгашту хиёбонҳои нав баён доштанд, ки маъракаҳои ҳашар-шанбегӣ ташкил намуда, ҷиҳати анҷом додани корҳои созандагӣ,  ободкорӣ  ва  сарсабзу  хуррам  гардонидании ҳар як гӯшаву атрофи сарзаминамон саҳмгузор бошед.

Ба  ҳамин  хотир  аъзоёни  ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии  “С. Истиқлол”  дар ҳудуди деҳаи Куган Гулови ҷамоати деҳоти С. Истиқлол бо  мақсади иҷроиши  нақшаи  чорабиниҳои сиёсиву давлатӣ дар  самти корҳои ободонӣ ва сабзу  хуррамгардонӣ  шанбегӣ доир намуда истодаанд. Боиси қайд аст, ки аъзоёни ҳизбӣ бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ бо мақсади тозаву озода намудани гузаргоҳҳои дохиливу берунии деҳа, шоҳроҳҳо ва гирду атроф дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонӣ ва боз ҳам зеботар намудани зистгоҳҳои худ пайваста саҳми арзанда мегузоранд.