ХОНИШИ СИЁСӢ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар доираи амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон  дар муассисаи таълимии №13-и ноҳия хониши сиёсӣ бо иштироки намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия   ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия  баргузор гардид.

Ҳамзамон дар вохӯрӣ намояндагони  шуъбаи маориф дар мавзуъи “Татбиқи сиёсати ҷавонон” ва директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 Салимова Маърамбӣ дар мавзуъи “Пешвои миллат –кафили сулҳ ва амнияти миллӣ” суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки имрӯзҳо дар ҳамаи гӯшаву канори ҷумҳурӣ корҳои ободониву созандагӣ идома дошта,  рӯз то рӯз  Тоҷикистони азиз ободу зебо гашта истодааст.