ТАРҒИБИ ПЕШГИРӢ АЗ БЕГОНАПАРАСТӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Санаи 07 феврали соли ҷорӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8 мулоқ дар мавзуъи “Пешгирӣ аз бегонапарастӣ ” баргузор карда шуд.

        Нотиқон зимни суханронӣ оид ба мавзуъи мазкур гуфта гузаштанд,  ки  миллати тоҷик дар саргузашти таърихии худ борҳо ба рӯзгори ошуфтабор рӯ ба рӯ шуда, гирифтори шикастҳои бузурги давлатдорӣ гаштааст. Яке аз шикастҳои ҳалокатбори тоҷикону эронитаборон ҳамалаи Искандари Мақдунӣ ба сарзаминашон буд. Искандар ҳама сарватҳои ин сарзаминро ғорат карда ба Юнон бурд. Ҳатто китоби муқаддаси тоҷикон «Авасто»-ро рабуда, он бахшҳоеро ки ба илму фановарӣ пайвастагӣ доштанд гирифт ва бахшҳои оҳанги тарбияи милливу ватанпарастӣ доштаашро ба оташ афканд.Гузаштагони мо ин шикастро паси сар карда, марзу буми худро дубора обод сохтанд. Аммо аз ин ҳам шикасти пурзӯртару ҳалокатбори миллати мо ҳамлаи араб буд, ки тоҷикон дер боз натавонистанд захмҳои хунбори баборовардаи онҳоро дармон бахшанд. Ҳамлаи араб ба сарзамини тоҷикон ва қатлу коштори бешумори мардумон як паҳлӯи ин шикаст буд ва шикасти пурхатар дар он буд, ки араб ҳадаф дошт бо сӯистифода аз мақому номи дин забону фарҳанг ва андешаи миллии тоҷиконро аз байн бибарад. Онҳо дар ин талошҳои худ борҳо комёб гашта буданд. Ҳамон гуна ки кишварҳои Миср, Сурия, Уммонро забт карда, забону фарҳангашонро арабӣ сохтанд. Имрӯз дигар забонҳои мисриву суриёнӣ вуҷуд надошта, ба гурӯҳӣ забонҳои мурда дохил мебошанд. Яъне нахуст бар асари таблиғоти бартарии забони ишғолгарон аз забони мардумони маҳаллӣ ва ҷорӣ кардани ҷизя (ҷарима) – андозҳои калон, барои надонистани забони арабӣ, забони модариашон аз миён рафта, забони арабиро пазируфтанд. Гузашта аз ин, андешарониҳои мардумони кишварҳои номбурда комилан арабӣ гаштанд. Бад-ин тартиб тафаккури миллӣ аз байн бардошта шуда, миллат ба чоҳи худноогоҳии миллӣ афтида, биноии худро барои муддате аз даст дод.