ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Аксияи "Якҷоя месозем!" ягона Аксияе мебошад, ки имрӯзҳо бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия миёни мардуми ноҳия, алалхусус маҳалаву деҳаҳои он ҳамовозии зиёде касб намудааст. Дар доираи ҳамин Аксия дар деҳаву маҳаллаҳо корҳои зиёди бунёдкорию созандагӣ бо маром идома дорад.
Дар ташкилоти ибтидои "Ҷовидон" бо саҳми соҳибкорони ватандӯст, роҳбарони хоҷагихои деҳқонӣ ва сокинони маҳалаи Ҷовидон ва бо дастгири ташкилоти ибтидои "Барқчиён"-и ноҳия ивазкуни тамоми симчубҳо бо симчубҳои нави замонавӣ бо маром идома дорад.
Ин аксияи зерин дар тамоми ташкилотҳои ибтидои ноҳия дастгири ёфта бо ин восила аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ мехоҳанд ҷашни 30-солаги таъсисёбии ҲХДТ ва 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор таҷлил гиранд.