ШИНОСОӢ БО СОХТМОНИ БИНОИ ИСТИҚОМАТӢ ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Кӯшониён сохтмони иншооти гуногун, аз ҷумла биноҳои истиқоматии баландошёна ҷараён дорад.

Тибқи иттилои масъулин имрӯзҳо дар ноҳияи Кӯшониён сохтмони якчанд бинои баландошёнаи истиқоматӣ ҷараён дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани онҳо барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинон шароит фароҳам оварда мешавад.

Аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва вакилони ҳизби бинои 6 ошёна сохта шуда, дар қабати аввали бино ташкили марказҳои хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бино ба маълумоти масъулин бо татбиқи пурраи лоиҳа дар назар аст, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд.