МАРОСИМИ ҚАДРДОНИИ РАИСОНИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳизби мо ҳизби мардумӣ аст ва равобити мустаҳками байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва мардуми кишвар моро ҳар замон водор месозад, то дар маркази ҷараёни ҳодисаҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоӣ қарор дошта бошем. Вазифаи асосии мо ҳизбиён, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ин бурдани корҳои ташвиқотию таблиғотӣ, сафарбар намудани аъзои ҳизб, тарафдорони он, умуман аҳолӣ ба корҳои бунёдкорию созандагӣ мебошад.

Дар ин росто барои идомаи раванди корҳои бунёдкориву созандагӣ ва амалӣ намудани нақшаву барномаҳо ва дастуру супоришҳои Раиси Муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, як қатор раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ аз қабили Иброҳимзода Мубина раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оила”, Саидзода Тоҷиддин раиси ташкилоти ибтидоии “Расин” ва Маҳмадаминов Абдусамад раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “БММҒ” барои хизматҳои содиқона ва чандинсолаи хеш бо “Сипоснома”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён сарфароз гардонида шудан.