РОҲСОЗӢ ЗЕРИ АКСИЯИ “ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ!”

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Ҳизбиёни ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо таваҷҷуҳи аъзоёни фаъоли худ, дар бунёду азнавсозии роҳҳои мошингард саҳми босазо гузошта истодаанд.
Бо дастгирӣ аз ташаббусҳои ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя месозем" масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Н.Махсум”-и ноҳия якҷо бо аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баҳри таъмиру барқарорсозии як қатор роҳҳои дохили деҳаро бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмир намуда истодаанд.
Саҳми раиси ташкилоти ибтидоии “Н.Махсум” Низомов Сафар, аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии мазкур ва соҳибкорон дар ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ назаррас аст.