ИҶРОИ ДАСТУРҲОИ ПАЁМ ДАР АМАЛ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба холати экологӣ, аз партовҳо тоза намудани маҳаллаҳои аҳолинишин дар ташкилоти ибтидоии «Обшорон»-и Ҷамоати деҳоти “Калинин” шанбегӣ гузаронида шуд. Дар шанбегӣ аъзоёни ҲХДТ фаъолона иштирок карда, муҳити атрофро аз партовҳо ва сангҳои нолозим тозаву озода намуданд ва ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ саҳм гузоштанд.
Ёдовар мешавем, ки чунин иқдомҳои тозагӣ бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ, хуррамгардонии ноҳия ва сазовор таҷлил намудани Ҷашнҳои муҳими давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби аъзоёни фаъоли ҳизб, корхонаҳо, муассиса, кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилон ва сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ доир мешаванд.