Бо ташаббуси раиси ҷавонони деҳаи Ғофилобод бо ҷалби шахсони саховатпеша дар марҳилаи якум 0,8 км роҳи асосии деҳаи номбурда чароғон карда шуда, то арафаи ҷашни Наврӯз ин масофа беш аз 2 км расонида мешавад.
Илова бар ин наздики 0,5 км сойи селпартои деҳа аз сангу лой тоза карда шуда, корҳои созандагӣ дар ин самт идома дорад.