Роҳҳои байни деҳоту шаҳрак сангфарш гардиданд

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ташаббусҳои роҳандозӣ намудаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳама баҳри созандагиву бунёдкорӣ, ободониву зебогии кишвари азизамон равона гардидааст ва ин ташаббусҳо аз ҷониби сокинон хуб пазируфта шуда, дар амал татбиқ мегарданд.

Аз ҷониби шахсони хайрхоҳ, аъзоёни фаъоли ҲХДТ ва сокинони меҳандӯст зиёда аз 3 километр роҳҳои байни деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Тугарак ва  1 километр роҳи маҳаллаи Восеъи ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ сангфарш гардиданд. Бояд ёдовар шуд, ки чунин иқдомҳои хайру савоб ва амалҳои ҷавонмардонаи мардони саховатпеша, хайрхоҳӣ ба ҳамдеҳагону ҳамшаҳриён ва ояндаи миллату давлати худ мебошад.