ШАНБЕГӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси супориши нақша чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо назардошти баргузор гардидани маъракаи муҳими сиёсӣ, ҳар шанбе ва якшанбе то ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташкил намудани ҳашарҳои умуминоҳиявӣ ба ҷалби васеи сокинон ва кормандони идораву корхонаҳо ва дигар ташкилоту муасиссаҳо новобаста аз шакли идоракунӣ, ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо, анҷом додани корҳои ободонӣ ва гулшинонӣ сабзкорӣ ва ба шаклдарории дарахту буттаҳо дар идораҳои худ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Бо ин мақсад санаи 3-юми феврали соли 2024, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "МАОРИФЧИЁН" - Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19-и ҷамоати шаҳраки Бохтариён бо иштироки васеи аъзои ташкилот, кормандон омӯзгорон ва хонандагон ҳашари дастҷамъӣ, аз соати 8.то 11. ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани маъракаи муҳими сиёсӣ - 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар шанбегӣ, иштирокчиён дарахтони гирду атрофи коргоҳи худро ба тартиб дароварда, миёни гулҳои саҳни биноро аз алаф озод намуданд. Гузашта аз ин рӯзи якшанбе низ, ҳашари дастаҷамъӣ бо ҳамин минвол идома ёфт.