РӮЗИ ЭКОЛОГӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ СЕБИСТОН

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдомҳои созандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти Себистон рӯзи экалогӣ гузаронида шуд. Мардуми заҳматкашӣ ҷамоати деҳоти Себистон пайваста кӯшиш мекунад, ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат идомадиҳандаи амалҳои хайрхоҳонаву бунёдкорона бошанд. Пайёми Асозгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ - Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Оли Тоҷикистон, ки рузи санаи 28 - декабри соли 2023 ироа гардид, сокинони ҷамоати деҳоти Себистон суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ - Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сар машқи худ гирифтаанд. Инак дар деҳаҳои Себистон ва Калкот бо ташаббус ва иқдомҳои гурӯҳи ҷавонон ва сокинону фаъолони деҳаҳои мазкур бо роҳи ҳашари дастаҷамона дар шоҳроҳи Душанбе - Данғара дарахтони сояафкан, ҳамешасабз шинонида шуд ва тозаву озода намудани гирду атрофи ду шафати роҳро аз партовҳо ва зарфои пластики ва полетелники тоза карданд, ки яке аз амалҳои наҷиби инсонӣ ба ҳисоб меравад. Бояд гуфт, ки чунин ҳашарҳои умуми пайваста гузаронида шуда корҳои ободонию созандагӣ низ дар ҳамаи маҳаллаҳои ҷамоат бахшида ба омад омади баҳор ҷараён дорад.