ТАШАББУСИ ҲИЗБИИ “МАКТАБИ МАН”

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

санаи 27 январи соли 2024 дар МТМУ №4-и ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён бо хатмкардагони қаблӣ ва солҳои пешин Амалиёти муштараки ҳизбӣ зери унвони "Мактаби ман" доир карда шуд.

Мақсад аз баргузории Амалиёти муштараки "Мактаби ман" ин ҳавасмандгардонии шахсиятҳои дорои имконияти хуби иқтисодӣ барои тадбиқи амали барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф, дастгирии техникӣ ва бо ин васила ҷалб намудани онҳо ба корҳои бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла сохтани синфхонаҳои иловагӣ, варзишгоҳ дар ҳудуди муассиса, бунёди ҳоҷатхонаҳо бо усули дренажӣ, таъмири синфхонаҳо, таъмин бо мизу курсиҳо умуман мутобиқ гардонидани шароити муассиса ба талаботи стандартҳои муосири таҳсилот мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар амалиёти зерин шиносоӣ ва суҳбати дӯстона доир гардида аз ҷониби директори муассиса вазъи ҷории мактаб ва ниёзҳои моддию техникии он тариқи гузориш муаррифӣ карда шуд. Ҳамчунин, номгӯи таҷҳизот ва корҳои сохтмонӣ мушаххас бо нишондоди маблағи хароҷот манзури иштирокчиён карда шуд.

Дар интиҳо иштирокчиён ҷиҳати саҳмгузорӣ намудан барои бартараф намудани ниёзҳои мактаб мувофиқи имконият ва шароит ҷалб карда шуданд. Бо истифода аз фурсат ба хатмкардагон барои иштирок ва саҳмгузорӣ дар ин кори хайру созанда изҳори сипос карда шуд.