КУШОДАШАВИИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

         Санаи 1 –уми феврали сили ҷорӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси номяндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ва Саидҷаъфар Усмонзода дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35, дар маросими кушодашавии 4 синфхонаи иловагӣ бо зиёда аз 100 ҷои нишаст, ки бо ташаббуси бевоситаи аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода бахшида ба истиқболи 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маблағҳои буҷети ноҳиявӣ сохта шуданд иштирок ва суханронӣ намуданд.Вакилони Маҷлиси номяндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ иброз доштанд, ки ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд.Ан руст, ки Пешвои миллат пайваста кушиш менамоянд, ки соҳаи маориф дар кишвар ба тадриҷ рушт намояд ва муассисаҳои таълими сол то сол зиёд гарданд. Бори дигар кушодашавии ин бинои зебои замонавиро бароятон муборакбод намуда, умедворам, ки дар минбаъда барои пешрафти ҷомеаи навини Тоҷикистони азиз бо дошини намунави саҳмгузор мегардед.