ДАР СОЛИ 2023 БА СОҲАҲОИ ХОҶАГИИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТ 2 МИЛЛИАРДУ 966,9 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАВОНА ШУДААСТ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Дар соли 2023 ба соҳаҳои хоҷагии халқи вилояти Хатлон бо назардошти маблағҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ 2966,9 млн. сомонӣ аз ҷумла, ба соҳаҳои идоракунии давлатӣ 130,4 млн. сомонӣ (97 фоиз), мудофиа 27,0 млн. сомонӣ (99 фоиз), мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 28,6 млн. сомонӣ (99 фоиз), маориф 1769,5 сомонӣ равона карда шудааст, ки 100 % нақшаи хароҷоти буҷети маҳаллии вилояти Хатлонро ташкил медиҳад. Дар ин бора  Изатуллозода Ҳабибулло, сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон иттилоъ дод.
 

Бинобар иттилои манбаъ дар соли сипаригардида иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз рӯи контингенти умумӣ ба андозаи 105,3 дарсад ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ ба андозаи 106 % таъмин гардид. Дар ин давра  ба буҷети вилоятӣ 2015,8 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки ин нисбат ба нақшаи пешбинишуда 109,9 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 306,9 млн. сомонӣ зиёд аст.
 

Изатуллозода Ҳабибулло зимни суолу ҷавоб бо харбарнигорон изҳор дошт, ки ба 1-уми январи соли 2024 нақшаи андозҳо ва пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон  аз 102 то 126 % таъмин гардид. Мавриди зикр аст, ки дар давраи ҳисоботӣ бақияпулии қарзи андозҳо, ки дар маҷмуъ 166,2 млн. сомониро ташкил менамуд, нисбат ба аввали соли 2023, ба миқдори 2 миллион сомонӣ кам карда шудааст. Ҳамчунин, дар соли 2023  нақшаи андози иҷтимоӣ буҷетӣ 108  дарсад таъмин гардида, ҳаҷми воридоти маблағҳо бо назардошти хароҷоти маблағҳои иҷтимоӣ ба 558,5 млн. сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 43,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Ҷамолиддин УСМОНИЁН