ХАТЛОН. ТАЪИНОТИ КАДРӢ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

30-юми январ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи назди раиси вилояти Хатлон баргузор гардид, ки дар он масъалаи таъиноти кадрӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баррасӣ шуд.

Дар оғози ҷаласа Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ҳозиринро ба муносибати ғалабаи таърихии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ба дастаи Аморати Муттаҳидаи Араб табрик намуд.
 

Сипас, Убайдуллозода Фаррух Сафаралӣ, мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси дастгоҳи раиси вилоят қарорҳои раиси вилояти Хатлонро қироат кард.

Ҳамин тавр, бо қарори раиси вилояти Хатлон  Давлаталӣ Саид ва дар асоси розигии хаттии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2024 Мирзозода Музаффар Бурҳон ба вазифаи муовини якуми раис, Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон ба вазифаи муовини раис, Абдусаломзода Анзурат Абдусалом ба вазифаи муовини раиси вилоят таъин гардиданд.
 

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид муовинони навтаъинро ба ин вазифаи ниҳоят пурмасъул табрик намуда, таъкид дошт, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат саъю талош намоянд.
 

Дар идомаи ҷаласа нафарони ба вазифаҳои пурмасъул таъингардида, ҷиҳати эътимоду боварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки дар ифои вазифаҳои ба уҳда доштаашон, иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва раиси вилояти Хатлон  ҳамеша кӯшиши хоҳанд кард.

Мавриди зикр аст, ки дар ин раванд бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзод Абдулмаҷид Мубин ба вазифаи  раиси шаҳри Бохтар, Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода, раиси шаҳри Норак, Муминзода Мастура Табарӣ, раиси шаҳри Левакант, Саломзода Сиҷоуддин, раиси ноҳияи Данғара, Холиқзода Рустам Ҳикматулло, раиси ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ, Абдуллозода Тағой Махкам, раиси ноҳияи Шаҳритус, Амирзода Сайвалӣ Раҳмоналӣ, раиси ноҳияи Муъминобод, Набизода Фаррухиддин Амрудин, раиси ноҳияи Ховалинг, Суризода Носир Мародбек, раиси ноҳияи Хуросон ва Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таъин гардиданд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи
раиси вилояти Хатло
н