ТАШАББУСИ ҲИЗБИИ “МАКТАБИ МАН”

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Амалиёти муштараки ҳизбии "Мактаби ман" дар муассисаи таълимии №51-и ноҳияи Восеъ вохӯрӣ зери унвони "Мактаби ман!" доир карда шуд.

Мақсад аз баргузории вохӯрӣ ин ҳавасманд гардонии шахсиятҳои дорои имконияти хуби иқтисодӣ барои тадбиқи амали барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф, дастгирии техникӣ ва бо ин васила ҷалб намудани онҳо ба корҳои бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла сохтани синфхонаҳои иловагӣ, варзишгоҳ дар ҳудуди муассиса, бунёди ҳоҷатхонаҳо бо усули дренажӣ, таъмири синфхонаҳо, таъмин бо мизу курсиҳо умуман мутобиқ гардонидани шароити муассиса ба талаботи стандартҳои муосири таҳсилот мебошад.