СОАТИ СИЁСӢ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷавонон, тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳувиятӣ миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба омӯзгору бузургон, ҳар шанбеи охири моҳ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Темурмалик ташаббуси муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Соати сиёсӣ” баргузор карда мешавад.Чунин иқдом дар муассисаи таъсилоти миёнаи умумии №65-и ноҳияи Восеъ бо иштироки мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ –Шодибеги Идӣ, сармутахасиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия – Орифзода Сомон ва омӯзгорони ботаҷриба баргузор карда шуд.Дар баромади худ Шодибеги Идӣ вобаста ба ташаббусҳои байналмиллалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти самаранок истифодабарии захираҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо, тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрам суханронӣ намуд.