БОЗДИДИ ХОНАНДАГОН АЗ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "КИТОБХОНАИ ШАҲШАК" БО ШИОРИ КИТОБ ДАР РАДИФИ МОДАР-ВАТАН АРЗАНДАТАРИН МУҚАДДАСОТ БА ҲИСОБ МЕРАВАД

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Таҳти ҳамин ҳидоятҳои Президенти маҳбуби малакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи нақша - чорабиниҳои тасдиқгардида имрӯз 

гурӯҳи ҷавонони Авангарди ШВКД и ноҳияи Ҳамадонӣ ҷиҳати ошноӣ пайдо намудан аз китобҳои тозанашре, ки ба Китобхонаи марказии ноҳия ворид гардидаанд ташриф оварданд. Ҳамзамон бо ҷавонон атрофи хатару гурӯҳҳои мамнӯъ ва ифротгарое, ки нисбати ҷавонони миллати мо аҳдофи ғаразнок доранд суҳбат баргузор карда шуд. Ҳамин тариқ дар фарҷоми боздид масъулини Китобхона меҳмононро ба хушӣ истиқбол намуда, ҷиҳати проблемае, ки миёни ҷавонон сайр мекунад - кам мутолиа намудани насли ҷавон андешаронӣ намуда, аз онҳо даъват ба амал овардаанд, ки бештари вақти қиммат ва бебозгашт хешро бо китоб ва дар иртибот ба Китобхонаву китобхонӣ сипарӣ намоянд

Шуъбаи иттилоот ва таблиғот