ДАРАХТШИНОНӢ АМАЛИ НЕКИ ИНСОНИСТ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи чорабиниҳо дар самти созандагиву ободонӣ ва сарсабзу хуррамгардонии диёр бахшида ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар баробари сохтмон ва таъмиру тармими иншоотҳои таъиноти иҷтимоӣ, бо истифода аз ҳавои офтобӣ иқдомҳои неки кабудизоркунӣ ва дарахтшинонӣ сурат гирифта, аҳли ҷамоатчигӣ ва аъзои ташкилоти ибтидоии “Ваҳдати миллӣ” бо як руҳияи баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ дар ҳудуди ҷамоат дарахтони ороишиву сояафканро шинонида, ба ҳусни ҷамоат зебоӣ зам гардонида шуд.

  Маврид ба ёдоварист, ки дар дигар ҷамоатҳои ноҳияи Ҷайҳун чунин амалҳои нек ва кабудизоркунӣ бо маром амали гардидаистодааст.