КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛЛАҲОИ НОҲИЯ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Мусаллам аст, ки роҳ дар ҳама давру замон воситаи наздик кардани мардум ва пайвандгари дилҳо буду ҳаст ва чунин хоҳад монд. Тавассути роҳ инсон метавонад, аз ҷое ба ҷои дигар сафар карда, барои ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи худ кӯшиш намояд. Бо дастуру супоришҳои аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Фархор Назирӣ Зариф Вализода оид ба баргузории корҳои ободонӣ бахшида ба истиқболи сазоворӣ ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ бо маром идома доранд. Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои болозикр бо саҳми соҳибкорони маҳаллаву кӯчаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия мумфарш карда шуда истодаанд.Ободии роҳ агар барои тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, фароҳам овардани шароити хуб барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва равуои пиёдагардон бошад, аз тарафи дигар идомаи кори бузургест, ки бо мақсади аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар анҷом дода мешавад. Тайи чанд сол аст, ки бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар шаҳру навоҳии ноҳия корҳои бунёдкориву созандагӣ босуръат идома доранд. Сол аз сол Ватани азизамон зебо гардида, ба худ ҳусни зебое мегирад, ки воқеан, бунёдкору ташаббускор будани миллати тоҷикро бозгӯй аст.