БА АЪЗОИ НАВ ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ СУПОРИДА ШУД

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Мудирони шуъбаҳои таблиғот ва кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия Ғуломов Ҳ. ва Собиров Д., дар як ҷамъомади калони тантанавӣ ба як гурӯҳ омӯзгорони муассисаи таълимии №18-и ноҳия, ки аксарият ҷавонон мебошанд, шаҳодатномаи узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро супориданд. Боиси қайд аст, ки сафи аъзоёни ҲХДТ аз ҳисоби ҷавонон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ меафзояд.