ДУОИ ПИРОН БЕҲ АЗ ГАНҶИ ҚОРУН БУВАД

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 25- уми январи соли 2024 бо мақсади ёдат намудан раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “К. Гулов”-и ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён ба дидорбинии якчанд нафар пирони рузгордида рафта, аз ҳолу аҳволи онҳо пурсон шуданд.

Бояд зикр намуд, ки аёдати пирон, беморон, ятимону барҷомондагон, собиқадорони меҳнат ва дасти кӯмак дароз намудан ба онҳо яке аз вазифаи муҳими ҳар як аъзо ва ҷонибдорори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ мебошад. Махсусан, дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ дастгирӣ намудани ин табақа руҳияи онҳоро болида мегардонад. Маъмулан ҳар як шахс аз шунидани ҳарфи хуш ҳам хурсанд мешавад ҳам болидаруҳ.

Дар ин радиф аёдатшудагон, ташрифи аёдаткунандагонро ҷиҳати бохабар шудан аз ҳолу аҳволи онҳо инчунин дастгириву дилбардории намудан дар чунин лаҳзаҳои мушкилӣ миннатдории амиқи худро баён намуданд.