НАМОДИ САДОҚАТ БА ҲИЗБИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Ӯ аз субҳи содиқ, барвақттар  аз оғози соати корӣ ба идораи Кумитаи иҷроия ҳозир шуда, саҳари пурнури ҳаётро аз обёрии гулу буттаҳои ороишии саҳни ҳавлии идора оғоз мебахшид. Ба гоҳи машғулияти писандидааш роҳгузарону меҳмононе, ки бори нахуст ӯро медиданд, ба гумони гулпарвари моҳир таҳсинаш мегуфтанд. Қалби саршор аз меҳру муҳаббати бузурги ин марди ватандӯст  ба хоку оби диёр  буд, ки лаҳзаи фориғ аз вазифаву масъулиятҳои ҳизбӣ ҳамраҳи сокинони шаҳр дар ободониву сарсабзии шаҳри орзуҳои худ ҳиссаи арзанда мегузошт. Оре, Қӯрғонтеппа, имрӯза шаҳри Бохтар шаҳри орзуҳои шодравон Наҷидуллозода Насриддин Вафо ба ҳисоб мерафт, ки дар ҳамин мулки бостонӣ тарбия гирифта буд.

Даврони ободгароӣ дар имрӯза шаҳри Бохтар вусъати тоза пайдо карда буду дар радифи дастоварду натиҷагириҳо аз тамоми самтҳои  фаъолият, шаҳрдорӣ аз масъулони идораву ташкилот ва биноҳои маъмурӣ раванди корҳои кабудизоркунӣ ва ороишу ҳуснороии биноҳои маъмуриро пурсон мешуд.
 

Он замон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Таваккал Наҷидуллоев аз зумраи роҳбароне буд, ки дар иҷрои саривақтии супоришҳои раиси шаҳр нақши пешоҳангӣ дошт. Пайваста ба ҳамкорон ба хусус,  кадрҳои ҷавон  таъкид мекард, ки на танҳо роҳбарият ва кормандони Кумитаи иҷроия, балки кулли фаъолон ва аъзои ҳизби пешбарандаи ҷомеаро мебоят то дар татбиқи сиёсати давлатӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар намунаи ибрат бошанд.
 

Ӯ аз субҳи содиқ, барвақттар  аз оғози соати корӣ ба идораи Кумитаи иҷроия ҳозир шуда, саҳари пурнури ҳаётро аз обёрии гулу буттаҳои ороишии саҳни ҳавлии идора оғоз мебахшид. Ба гоҳи машғулияти писандидааш роҳгузарону меҳмононе, ки бори нахуст ӯро медиданд, ба гумони гулпарвари моҳир таҳсинаш мегуфтанд. Қалби саршор аз меҳру муҳаббати бузурги ин марди ватандӯст  ба хоку оби диёр  буд, ки лаҳзаи фориғ аз вазифаву масъулиятҳои ҳизбӣ ҳамраҳи сокинони шаҳр дар ободониву сарсабзии шаҳри орзуҳои худ ҳиссаи арзанда мегузошт. Оре, Қӯрғонтеппа, имрӯза шаҳри Бохтар шаҳри орзуҳои шодравон Наҷидуллозода Насриддин Вафо ба ҳисоб мерафт, ки дар ҳамин мулки бостонӣ тарбия гирифта буд.
 

Ӯ дар ноҳияи Данғара дар хонадони мардумони оддӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодаву баъдан барои идомаи таҳсилот ба шаҳри Бохтар омада дар хонадони як тан аз хешовандонаш шахсияти маъруф Бобохон Абдуллоев ҳаёт ба сар бурдааст. Баъди адои хизмати ҳарбӣ дар Коллеҷи энергетикии шаҳри Бохтар таҳсил намуда, ҳамзамон дар Ширкати таъмиру истифодабарии хонаҳои шаҳри Бохтар ба фаъолият мепардозад. Дар соли хатми Коллеҷи мазкур бо корманди ширкати мазкур бонуи Зебо оила барпо менамояд. Аз зиндагии якҷоя соҳиби ду фарзанд мешаванд, ки имрӯз писарони солеҳу хушсалиқаи онҳо дар соҳаи иқтисодиёт ва бонкдорӣ кору фаъолият доранд. Мурури солҳо ба ҳайси сармуҳандиси Ширкати таъмиру истифодабарии хонаҳо фаъолияти пурсамар дошта, аз соли 1995 то соли 2007 Сардори шуъбаҳои манзилу коммуналӣ ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи шаҳрвандии шаҳри Бохтар буд.
 

Баъдан то соли 2007-ум сардори шуъбаи Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Бохтар кор карда, баъди тағйири сохториву ивази номи ин соҳа ба ҳайси сардори Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳр фаъолият бинмудааст. Ҳампешагон бо ёдоварӣ аз кору пайкори содиқонаи ӯ дар вазифаҳои роҳбарӣ иброз медоранд, ки равоншод Наҷидуллозода Насриддин аз зумраи кадрҳои содиқи Ватан ба ҳисоб мерафт, ки бо ҳисси баланди масъулиятшиносиву кордонӣ ва ташаббускориҳои наҷибу азми устувораш дар ҳаллу фасли масоили мубрами рӯз миёни роҳбарият ва кормандоин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар иззату эҳтироми зиёд дошт. Ба вижа, аз рӯзҳои аввали ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанаш ҳамчун аъзои фаъолу тадбирандеш ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои рӯзмарраи шаҳр фикру андешаҳои худро то роҳбарони сатҳи аввали шаҳру вилоят мерасонид.
 

Ҷасорату маҳорати суханварӣ, салиқаи омӯзандаи роҳбарӣ ва ошкорбаёниву пешниҳодҳои созандаашро дар ҳалли масъалаҳои гуногуни ҷомеа дида, соли 2011 бо пешниҳоди роҳбарияти олии ҳизб дар яке аз ҷаласаҳои ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар фаъолони ҳизбӣ Таваккал Наҷидуллоевро ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар интихоб намуданд.
 

Наҷидуллозода бо садоқати бузургу ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ҳама ҳастии худро бо ҷоннок гардидани самтҳои таблиғу ташвиқ, муаррифии дастовардҳои ҳизби пешоҳанг ва дар амал татбиқ гардидани барнома ва ҳадафҳои пешгирфтаи ҲХДТ бахшида буд, - ба ёд меорад яке аз ҳампешагони ӯ Ҳусейнзода Наврӯз, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон.
– Маҳз саъю талошҳои хастанопазиру ташаббусҳои наҷиби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, ки роҳбариашро инсони шариф аъзои воқеан ҳам садоқатпешаи ҳизби роҳбар Таваккал Наҷидуллоев ба уҳда дошт, завқу рағбати мо кадрҳои ҷавонро ҷиҳати фаъолият дар Кумитаи иҷроия бедор карда буд. Бо таклифи шодравон ман ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр ба кор омада, дар баробари оғози фаъолияти пурсамари сиёсӣ, ҳамзамон аз ин шахси кордон ва роҳбари хирадпешаву дурандеш донишу таҷрибаи зиёд омӯхтаам. Ӯ дар муносибат бо зертобеон намунаи беҳтарин роҳбарро мемонд, ки дар мушкилиҳои пешомад такягоҳи боэътимод, роҳбару роҳнамои оқилеро мемонд, ки мо ҷавонон аз ӯ ифтихор доштем.

 

“Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр дар баробари пешбурди фаъолияти ҳизбӣ инчунин, ба ҳайси вакили шаҳрӣ ҷиҳати рафъи камбудиву норасоиҳои тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ  фаъолнокӣ нишон медод. Ҳампешагони мо дар шаҳри Бохтар хуб дар ёд доранд, ки давоми роҳбарии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтарро ба зима доштани ӯ ҷаласаву чорабиниҳои шаҳрие набуд, ки дар он Таваккал Наҷидуллоев оид ба ҳаллу фасли ин ё он мушкилоти мавҷуда суханронӣ накарда бошад. Роҳбарияти шаҳр ҳам бо нишони эътирофу арҷгузорӣ ба мавқеъгириҳояш ин шахсиятро эҳтиром мекарданд. Дар воқеъ, ин фарзанди фарзонаи халқ ва кадри кордону идорасоз  дар муаррифии шоистаи ҲХДТ миёни сокинони шаҳри Бохтар саҳми ниҳоят бузург гузоштааст”, - мегӯяд Ҳусейнзода Наврӯз.
 

Ҳолиё фаъолони ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо ёдоварӣ аз рӯзҳои кору фаъолият ва лаҳзаҳои суҳбату сафарҳои хотирмон бо равоншод Таваккал Наҷидуллоев,  изҳор медоранд, ки хизматҳои шоёни фаъолони ҳизб, ки дар масири 30 - соли арзи вуҷуд доштани ин неруи ояндасози Тоҷикистон нақши босазо гузоштаанд, дар саҳифаҳои пурифтихори ҳизб бо ҳарфҳои заррин нақш хоҳад баст.  Вақте сухан дар мавзӯи покиву самимият ва хислатҳои беҳтарин шахсиятҳои маҳбуби ҷомеаи мо меравад, беихтиёр симои нуронии дастпарварони ҳизб ба мисоли Наҷидуллозода Насриддин Вафо, ки миёни мардуми шаҳри Бохтар ба унвони Таваккал Наҷидуллоев маълуму машҳур аст, пеши назар меоянд,- мегӯяд устод Аҳмадҷон Ализода, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон.

– Наҷидуллозода воқеан ҳам як инсони парҳезгору хушгуфтор бо садоқату вафодорӣ ба халқу Ватан номбардори ҳизби пешбарандаи ҷомеа дар миқёси шаҳр буд, ки бо фаъолияти пурсамару ташаббусҳои наҷибаш натанҳо аъзои ҳизб, ҳам таваҷҷуҳи сокинону донишҷӯёнро ба иқдомҳои ободониву созандагӣ  ҷалб карда метавонист. Маҳз ҳамин гуна шахсиятҳои бо дасту дили пок дар арсаҳои роҳбарӣ фаъолиятдошта сабаб мешаванд, ки насли ҷавон дар пайравӣ ба онҳо касбу пешаи идеали худ дар зиндагиро интихоб мекунанд ва ё ба сафи ҳизб шомил мегарданд.
 

Шодравон Таваккал Наҷидуллоев дар ҳаёти оилавӣ ҳам ҳамсари меҳрубону ҳамрози ҳамсафари ҳаётии хеш, падари мушфиқу бобои дарёдилу меҳрубон буд. Ба гуфтаи ҳамсараш Зебо Наҷидуллоева онҳо соли 1985 оиладор шуда, тӯли 36 соли ҳаёти ҳамҷоя рӯзгори пурбаракату хуррамонае доштанд. Сарвари хонадон гарчанде дар рӯзҳои истироҳатӣ ҳам корҳои муҳими анҷомнаёфта дошту субҳи барвақт сӯи коргоҳ мерафт, аммо барои суҳбатҳои дилнишину насиҳати фарзандон ва меҳрубониву хушгузаронӣ бо набераҳояш вақт меёфт. Ӯ ҳама ҳастии худро ба вазифаву масъулиятҳои барзиммадоштааш бахшида буд. Аз мушкилу ноҳамвориҳои даврони наврасӣ ончунон обутоб гирифта буд, ки дар кору рисолатҳои хонаводагӣ ниҳоят масъулиятшинос буд. Ба қадри сериву пурӣ мерасид ва тинҷиву осудагии даврони соҳибистиқлолии кишварро беҳтарин неъмати зиндагӣ мешуморид,- қисса мекунад ҳамсараш. Азбаскӣ фарзанди духтар надоштем ҳар ду келинҳои моро духтарам гуфта ҳавас мешикаст ва келинҳо ҳам аз рафтору гуфтори падарарӯси хеш эҳсоси хушбахтӣ доштанд, ки сарвари хонадонро падарҷон меномиданд.
 

Дарвоқеъ ҳам, ҳаёту фаъолияти пурсамари равоншод Таваккал Наҷидуллоев  барои фарзандону наберагон ва ҳам кормандону аъзои ҷавони ҳизб дар шаҳри Бохтар достони ибратомӯзеро мемонад, ки ин матлаб чакидае аз хотираҳои ҳампешагону лаҳзаҳои фаромӯшношудании зиндагиномаи ин марди нексиришт аст. Аъзои фаъоли ҳизб шахсияти бузурге, ки давоми фаъолияти самарабахши худ дар соҳаҳои гуногуни шаҳри Бохтар, бо ҷидду ҷаҳд, инсондӯстиву ватанпарварӣ ва масъулиятшиносиву фидокориҳои меҳандӯстона ҷиҳати муаррифии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи созанда саҳми шоиста гузоштаву аз худ номи нек ба ёдгор.

Ҷамолиддин УСМОНИЁН,
“Ҳамрози халқ”