ТАҲЛИЛУ БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ СОХТОРҲОИ ҲИЗБӢ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Нимаи дуюми рӯзи 22 январ дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ҷаласаи назоратии назди раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба натиҷаи санҷиши комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар вилояти Хатлон, дар шаш  ноҳияҳои минтақаи Бохтар  баргузор гардид.

Дар ҷаласа Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят, Абдумалик Ҳакимов, муовини раиси Комиссияи тафтишотии назди Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб, муовинон ва мудирони шуъба ва бахшҳои Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб, раисон ва муҳосибони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.
 

Нахуст, Абдумалик Ҳаки-мов, муовини раиси Комиссияи тафтишотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба натиҷаи санҷиши комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар вилояти Хатлон, дар ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус, Н.Хусрав, Дӯстӣ, Ҷ.Балхӣ ва Панҷ гузориш дод. Аз ҷумла қайд кард, ки натиҷаи тафтиш нишон дод, ки дар аксарияти кумитаҳои иҷроияи ҳизб қарздорӣ аз ҳисоби музди маош, андоз ва дигар самтҳои фаъолият дида намешавад ва тасдиқи нақшаи молиявии яксолаи онҳо ҳадафмандона сарф карда шудааст.

Сипас, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раис Кумитаи иҷрояи вилоятии ҳизб бо раисони кумитаҳои иҷроия ва муҳосибони онҳо доир ба мақсаднок истифода бурдани маблағҳо суҳбат кард.
 

Инчунин, дар ҷаласа гуфта шуд, ки тамоми самтҳои фаъолияти ҳизбӣ, аз ҷумла раванди ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ, ма-водҳои таблиғотӣ, таъмини утоқҳои алоҳидаи корӣ ва аёниятҳо, пардохти аъзоҳаққӣ, суҳбату вохӯриҳо миёни мардум, хусусан бо падару модарон ҷиҳати ҷалби сарбози ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ тибқи дастурамали “Роҳнамо барои сарбози ихтиёрӣ” ва дигар самтҳои фаъолияти ҳизбӣ тақвият бахшида шавад. Ҳамчунин моро зарур аст, ки дар доираи нақша-чорабиниҳои бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, созандагию бунёдкорӣ ва чорабиниҳои сиёсию фар-ҳангиро тақвият бахшида, ин санаи муҳими таърихиро дар сатҳи баланди ташкилӣ истиқбол намоем.

«Ҳамрози халқ»