МАҶЛИСИ ВАСЕИ КИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

22 январи соли равон дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар маҷлис Латифзода Асрор Қурбон, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Фирӯза Шарифӣ, узви Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ, муовини раиси вилояти Хатлон, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, раисони шаҳру ноҳияҳо, раисону кормандони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон иштирок доштанд.
 

Нахуст, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб маҷлисро оғоз намуда, изҳор дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соле як маротиба ба мардум расонида мешавад, барномаи мукаммале аст, ки ҳамчун ояндасози миллату давлат арзёбӣ мегардад, чунки дар Паём дар баробари шарҳу тавзеҳи иҷрои нақшаву барномаҳои қабулгардида дар соли гузашта ва дурнамои самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар барои солҳои оянда муайян мегардад.
 

Мо ҳизбиён фаъолияти хешро дар асоси дастуру супоришҳои  бевоситаи Роҳбари давлат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, ҷиҳати расидан ба орзуву ормонҳои миллат ва зиндагии шоистаи мардум саъю талош меварзем.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо бо мақсади татбиқи босамари ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, ҳамчунин дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва санадҳои дохилиидоравӣ ба роҳ монда, дар давоми соли 2023 корҳои назаррасро ба анҷом расонид.
 

Воқеаи муҳиму таърихӣ - рӯзи 26 апрели соли 2023 бо иштироки бевоситаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шудани бинои маъмурии боҳашамату замонавии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара ба ҳисоб меравад. Бо ба истифодадиҳии бинои мазкур дар вилояти Хатлон тамоми кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба пуррагӣ бо биноҳои алоҳида таъмин гардиданд, ки ин дастоварди муҳим мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ ба қабулгоҳи ҷамъиятии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он 1 ҳазору 39 адад муроҷиати шифоҳӣ ва 588 адад муроҷиати хаттӣ аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ворид гардидааст.
 

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон 2841 ташкилоти ибтидоӣ фаъолият мекунад, ки аз ин 1453 адад ба ташкилотҳои ибтидоии маҳаллаву деҳот бо фарогирии 28% аъзо рост меояд.   Шумораи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 70 адад зиёд гардид, ки теъдоди ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ зиёдтар ба кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Кӯлоб, Қубодиён, Ёвон, Дӯстӣ, Ховалинг ва Муъминобод рост меояд.
 

Тибқи таҳлилҳо дар соли 2023 шумораи аъзои ҳизб дар вилояти  Хатлон ба 192 ҳазору 770 нафар расидааст, ки аз ин  98  ҳазору 98 нафар ё худ 50,8 % бонувон ва 64 ҳазору 516 нафар баробари 33%-ро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳии кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳо дар соли сипаригардида 18 ҳазору 257 нафар ба узвияти ҲХДТ қабул карда шуданд. Ин нишондод қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта нисбатан 2039 нафар зиёд мебошад.

Бахши тарғиботии фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз маҷмӯи чорабиниҳои ташкилию оммавӣ иборат буда, мавриди таваҷҷуҳи ҳамарӯзаи раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ қарор дорад.     Дар ин давра бо мақсади тарғиб ва татбиқи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, дар ташкилотҳои ибтидоӣ 8292 суҳбату вохӯриҳо бо фарогирии 301 ҳазору 405 нафар ва 6 ҳазору 592 маротиба бо сокинони деҳаю маҳаллаҳо бо фарогирии 313 ҳазору 482 нафар баргузор карда шуд.
 

Зикр кардан бамаврид аст, ки бо ибтикори кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби соҳибкорон ва ташкилотҳои ибтидоӣ 1006 км роҳҳои байни кӯчаҳо сангфарш ва 457 км роҳҳо мумфарш гардида, 349 ҳазору 861 ниҳол шинонида шуданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта нисбатан зиёд мебошад.
 

Боиси тазаккур аст, ки дар доираи Амалиёти “Мактаби ман” бо иштироки 79203 нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии солҳои хатмашон гуногун дар 6026 муассисаи таълимӣ вохӯриҳо доир карда шуда, вобаста ба бартарафсозии камбудию норасоии муассисаҳо суҳбат ва таклифҳо анҷом дода шудааст. Дар ин давра аз тарафи собиқ хатмкардагон ба маблағи 28 миллиону 253 ҳазору 336 сомонӣ ҷиҳати бунёди муассисаҳои таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, таъмир ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо мизу курсиҳо, тахтаҳои электронӣ ва компю-терҳо  корҳо анҷом дода шудааст.
 

Бо роҳи баргузории дарсҳои кушод дар доираи Амалиёти «Соати сиёсӣ» барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти асосӣ ва миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ маърӯзаҳо ва суҳбату вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҷалби коршиносон, собиқадорон ва кормандони ҳизбӣ дар 8238 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ бо фарогирии 937 ҳазору 985 нафар хонандагон баргузор гардид.
 

Бо мақсади роҳандозӣ намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати амалӣ сохтани ҳадафҳои ҲХДТ аз ҷониби кумитаҳои  иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 1147 адад конференсияҳо, 1125  мизи мудаввар, 2287 маҷлисҳои тантанавӣ, 1586 чорабиниҳои фарҳангӣ, 1232 варзишӣ, 1950 адад аксияву озмунҳо ва 4409 аёдат (ҷиҳати дастгирии ниёзмандон) гузаронида шуд. Инчунин, дар ин раванд нашри мақолаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар сомонаи Hkhdt Tojikiston 3389 адад, 719 адад таҳия ва нашри видеороликҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ монда шуданд. 39660 маротиба баргузории соатҳои сиёсӣ дар Кумита ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба миён гузошта шуда, 10045 адад шиору овезаҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар маконҳои серодам насб карда шуданд. Ҳамзамон 207 адад мақолаҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳо аз ҷониби раисони кумитаҳои иҷ-роия дар шаҳру ноҳияҳо ва 541 адад аз ҷониби кормандони ҳизбии Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо нашр гардидааст.
 

Дар рафти баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинони вилоят зиёда аз 143 ҳазору 460 адад варақаҳои иттилоотӣ тақсимот карда шудааст. Дар ин давра ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Доир ба эълон намудани соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо зиёда аз 230 адад озмунҳо,  755  адад мақолаҳо, 165 адад роликҳои тарғиботӣ, 427 адад аксияҳо, 405 адад мизҳои мудаввар, 117 маротиба иштирок дар барномаҳои радио ва телевизиони давлатӣ ва 1468 адад дигар чорабиниҳои вобаста ба ин масъала баргузор гардидааст.
 

Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати иҷрои Амалиёти умумивилоятӣ таҳти унвони “Рӯзи ёдоварӣ” корҳои муайяне ба анҷом расонида шудааст. Аз ҷониби кумитаҳои иҷрои-яи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар доираи  Амалиёти  мазкур  бо  иштироки  165 ҳазору 253 нафар сокинон, эмомхатибон ва волонтёрони ҳизбӣ 1276 маротиба дохил ва атрофи оромгоҳҳо тозаю озода карда шудаанд.
 

Илова бар ин аз ҷониби иштирокчиён як қатор корҳо аз қабили сангфарш намудани роҳҳои оромгоҳҳо, панҷарабандӣ ва тоза намудани шоху навдаҳои зиёдатии дарахтону алафҳои хушкшуда анҷом дода шуданд.   Қайд кардан зарур аст, ки айни замон дар вилояти Хатлон 1 миллиону 780 ҳазору 54 нафар занону духтарон кору иқомат менамоянд, ки 49,7 фоизи аҳолиро ташкил медиҳанд ва нисбати соли гузашта 39 ҳазору 854 нафар занон зиёд гардидаанд.
 

Аз тарафи шуъбаҳои кор бо занони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар  шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо ҳайати гурӯҳи таблиғотии ҳизбӣ вобаста ба иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” 2920 суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо фарогирии зиёда аз 25000 нафар дар байни сокинони деҳаю маҳаллаҳо доир гардиданд.
 

Чорабиниҳои зиёди баргузорнамудаи шуъбаҳои кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дар ВАО, аз ҷумла дар нашрия ва сомонаҳои расмии ҳизбӣ, инчунин дар сомонаҳои  иҷтимоӣ ба таври васеъ инъикос ёфтааст. Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ, Рӯзи модар, Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи оила дар умум бо ибтикору ташаббуси шуъбаҳои кор бо занони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳо ва вохӯриҳои гуногун дар ҳудуди вилоят баргузор гардида, ҳамзамон аёдати  собиқадорон ва занони фаъол ба роҳ монда шуданд. Маводҳо оид ба баргузории ин чорабиниҳо дар сомонаи ҳизбӣ ва шабакаи иҷтимоии “Facebook” ҷойгир карда шуда, варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуданд. Аксияҳои ҳизбии “Мо модарон ба дидорбинии фарзандонамон-аскарбачаҳо меравем”, “Модар ту биҳишти ҷовидонӣ” бо тақдими гулҳои баҳорӣ ва варақаҳои табрикотӣ, чорабинии фарҳангӣ-маърифа-тӣ таҳти унвони “Зан-зевари умр”, мизи мудаввар дар мавзӯи “Пешгирии зӯроварӣ дар оила”, чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ таҳ-ти унвони “Оилаи солим - кафолати фардои босаодат” аз зумраи онҳо мебошанд.
 

Дастгирии гурӯҳҳои ниёзманди аҳолӣ аз вазифаҳои хосаи сохторҳои ҳизбӣ ва аъзои саховатпешаи ҳизб ба ҳисоб меравад, ки он дар ҳошияи дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудааст. Мавриди зикр аст, ки дар давраи ҳисоботӣ ба қишрҳои осебпазир, аз ҷумла хона-интернетҳо, маъюбон ва камбизоатон аз ҷониби соҳибкорон ба 13553 нафар ба маблағи 5022865 сомонӣ, аз ҷониби вакилони ҳизбӣ ба 3481 нафар 989913 сомонӣ ва аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо ба 1113 оилаи эҳтиёҷманд ба маблағи 439310 сомонӣ кумакҳо расонида шудааст. Инчунин, дар қисмҳои низомӣ аз ҷониби соҳибкорон ба 6414 нафар ба маблағи 1017324 сомонӣ, аз ҷониби вакилони ҳизбӣ  ба 7784 нафар 840412  сомонӣ ва аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо ба 3549 нафар ба маблағи 221353 сомонӣ сарбозон туҳфаҳо тақдим карда шуда, дастархони идона ороста шуд.
 

Дар ин давра тибқи қарори Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон №18 аз 15.10.2021 сол «Дар бораи додани нафақаи ҳизбӣ» ба маъюбон аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо ба 82 нафар ба маблағи 451500 сомонӣ ва аз ҳисоби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба 15 нафар маъюбон дар ҳаҷми 86500 сомонӣ нафақаи ҳизбӣ пардохт карда шудааст.   
Боиси тазаккур аст, ки  аз  46 адад мошинаҳои дарздӯзӣ, ки аз ҷониби Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Данғара, Кӯшониён ва Балҷувон ҳадя шуда буд, 31 адади он фаъолият менамояд.

 

Дар маркази дӯзандагии назди  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи  Кӯшониён 15 адад мошинаҳои дарздӯзӣ ба пуррагӣ  мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст. Марказ дар ин давра тибқи шартнома 450 адад сарулибоси мактабӣ омода намудааст. Маблағи умумии он 7000 сомониро ташкил менамояд, ки  ин  маблағ ба буҷаи Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия ворид гардидааст.
Дар маркази дӯзандагии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара 10 нафар бонувону духтарон бо бастани шартномаи тарафайн ба дӯхти сарулибоси миллӣ аз рӯи фармоишҳои худ машғул буда, то имрӯз ба буҷаи Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия 3800 сомонӣ маблағ ворид шудааст.  

 

Бо мақсади истифодаи самараноки мошинаҳои дарздӯзӣ ва бобати таъмини ҷойҳои нави корӣ аз моҳи августи соли ҷорӣ 15 адад мошинаҳои дарздӯзӣ  аз тавозуни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон ба тавозуни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ гузаронида шудааст. Сохторҳои ҳизбӣ дар ростои кор бо ҷавонон бештар фаъолиятро дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳии ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ, ҳамзамон аз худ кардани донишу ихтисосҳои замонавӣ ва интихоби касби муосир равона кардаанд.  
 

Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилоят чорабиниҳои гуногун роҳандозӣ гардиданд. Аз ҷумла, дар ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳои марбута дар қисмҳои ҳарбии дар шаҳру ноҳияҳо воқеъбуда чорабиниҳои фарҳангӣ ва боздиди хонандагони синфҳои болоӣ ва ҷавонони касбу кори гуногун аз шароити хизмати ҳарбӣ ташкил карда шуд.  
 

Дар давраи сипаригардида бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳимояи марзи кишвар дар 4  қисми низомии дар ҳудуди вилояти Хатлон мавҷудбуда  бахшида ба ин ҷашн бевосита бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо ҷалби ҷавонон ва наврасон, инчунин сарбозону афсарон чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва таблиғотию ташвиқотӣ ташкил ва гузаронида шуданд.
 

Дар доираи баргузории курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои  кишвар бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ санаи 20 феврали соли 2023 бо ташаббуси  Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар қисми низомии  қушунҳои дохилаи Вазорати корҳои дохилӣ воқеъ дар шаҳри Душанбе чорабинии идона ташкил ва гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ ҳамчунин аз  ҷониби Кумитаи иҷроияи  вилоятии ҳизб ба 700 нафар сарбозону афсарон маводи гигенӣ ва лавозимоти варзишӣ дастрас карда шуд. Бахшида ба сазовор таҷлил намудани 78 - солагии Рӯзи Ғалаба 264 ҷаласаву ҳамоишҳои ҳизбӣ, 50 мизҳои мудаввару конференсияҳо, 258 суҳбату вохӯриҳо, 89 мусобиқаҳои варзишӣ, 56 аксияҳои тарғиботӣ ва 104 аёдати иштирокчиёни ҷангу меҳнат ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда роҳандозӣ карда шуд. Дар ин замина, аз ҷониби масъулини кумитаҳои иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аъзои фаъоли ҳизб бахшида ба ин рӯз 328 андешаву мақолаҳо, видеороликҳо, аксҳо ва маводҳои таблиғотӣ дар сомонаҳои ҳизбӣ интишор гардид.  Дар ин росто, бо иштироки масъулини ҳизбӣ ва аъзои бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар оромгоҳҳои ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят 147 аксияи тозагӣ ва шанбегиҳо ташкил намуда, аксия зери унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст” бо тақсими 4789 адад варақаҳои таблиғотӣ баргузор карда шуд.  
 

Дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи иҷроии ҲХДТ дар вилояти Хатлон гузаронидани суҳбату вохӯриҳо, аксияю озмунҳо, конференсияю мизҳои мудаввар, чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ роҳандозӣ карда шуданд. Аз ҷумла, дар шаҳри Норак ҳамоиши ҳизбӣ таҳти унвони “Ҷавонон  такягоҳи боэътимоди Ватан” ва дар ноҳияи Восеъ чунин ҳамоиш таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар тарғиби ғоя ва арзишҳои миллӣ” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва кормандони масъули ҳизбии вилоят баргузор гардида буд.
 

Бо мақсади раҳнамоӣ ба шуҷоатмандиву далерӣ, дӯст доштани обу хоки диёри худ, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии онҳо, риояи меъёрҳои ҳарбӣ ҳамчун асоси ба камол расидани онҳо ва дар ин замина ривоҷ додани тарбияи ҳарбию ватанпарастӣ дар шароити имрӯзаи ҷомеа, ки яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, бо сарбозони қисми низомии  дар шаҳри Кӯлоб ва бо сарбозону афсарони қисми низомии комендатураи ҳарбии гарнизони Хатлон вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон доир гардид.
 

Чунин чорабинӣ санаи 15 июни соли сипаришуда дар Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар бо иштироки роҳбарияти Кумитаи иҷроияи вилоят, намояндагони  Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва  нависандагони маъруф оид ба масоили пешгирии ҳолатҳои шомилшавии хизматчиёни ҳарбӣ ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии ҷавонон, таблиғи одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва риояи қонунҳои амалкунанда доир гардид.

Бахшида ба 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ санаи 23 июни соли равон дар маркази вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ-падидаи нодиру пурарзиши миллати тоҷик» бо иштироки роҳбарияти Кумитаи Ииҷроияи Марказӣ ва Кумитаи Иҷроияи вилоятии ҲХДТ,  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар, роҳбарият ва масъулини Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, аъзои Раёсат ва кумитаҳои иҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар муассисаҳои таълимӣ ва олии касбӣ  Рӯзи донишро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд.
 

Бояд зикр намуд, ки дар арафаи соли нави хониш бо ташаббуси кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ба 410 нафар хонандагони мактаб-интернатҳо ва муассисаҳои таълимӣ сарулибоси мактабӣ ва ба 150 нафар лавозимоти хониш тақдим карда шуданд.Инчунин, аз ҷониби собиқ хатмкардагони муассисаҳои таълимӣ барои 120 ҷойи нишаст мизу курсиҳо харидорӣ гардиданд.  
 

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон санаи 5 сент-ябри соли равон бо иштироки роҳбарияти Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб, собиқадорон ва бо ҷалби омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи энергетикии Тоҷи-кистон дар ноҳияи Кӯшониён  Конференсияи ҳизбӣ таҳти унвони “Истиқлоли давлатӣ - бузургтарин ва муқаддастарин неъмат” доир гардид.  
 

Ҳамзамон, бо ибтикори ку-митаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” чорабиниҳои гуногуни маърифатию варзишӣ, озмуну аксияҳо, конференсияҳо ва ҳамоишҳои илмӣ баргузор гардид. Дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба ин рӯз аёдати  127 нафар собиқадорони рисолатшинохта ба роҳ монда шуданд. Инчунин, 14 маротиба аз хона-интернатҳо, 36 маротиба аз қисмҳои ҳарбӣ боздид карда шуда, 89 маротиба сокинон ба театру маконҳои фарҳангӣ ҷалб карда шуданд.
 

Яке аз масъалаҳои муҳими фаъолияти  ҲХДТ ин тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ ва сафарбар гардидани онҳо ба сафи Артиши миллӣ мебошад. Бояд қайд кард, ки дар назди Кумитаи  иҷроияи  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон дар вилояти  Хатлон ва кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои он  бо мақсади ҷалби  ҷавонон ба сафи Қувваҳои  Мусаллаҳи кишвар дар даъвати тирамоҳӣ  ситодҳо таъсис дода шуда буд, ки онҳо ҳамарӯза  бобати масъалаи мазкур тадбирҳои заруриро амалӣ намуданд.
 

Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби аъзо ва фаъолони ҲХДТ, вакилони маҳаллӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати сафарбарӣ ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бо падару модарон ва ҷавонони синни даъватӣ бо тарзу усули нав роҳандозӣ намуда, дар таъмини иҷрои нақшаи давъвати баҳорӣ ва тирамоҳии соли ҷорӣ ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо кумак расонида, саҳми  худро гузоштанд.
 

 Аз ҷониби кумитаҳои иҷ-роияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳо  дар байни сокинон ва падару модарони даъватшавандаҳо корҳои тарғиботию фаҳмон-дадиҳиро ба роҳ монданд. Дар ин самт машваратҳои фаҳмондадиҳӣ (вохӯрию муло-қотҳо) оид ба сафарбар кардани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бо раисони кумитаҳои маҳаллаву деҳот  тибқи Роҳнамо барои ҷалби “Сарбози ихтиёрӣ” бо қишрҳои гуногуни аҳолӣ доир карда шуданд.    
 

Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда дар даъвати баҳорӣ 146 нафар ва дар даъвати тирамоҳӣ  180 нафар ҷавонон аз тарафи кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамчун “Сарбози ихтиёрӣ” ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар  сафарбар гардиданд. Маврид ба ёдоварист, ки ин ҷавонон барои таҳсил дар курсҳои омӯзишии ронандагӣ фаро гирифта шуда буданд.   
Бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 32-солагии Истиқлоли давлатӣ  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят дар ҳамбастагӣ бо намояндагии ТҶҶ”Созандагони Ватан” дар муассисаи ғайридавлатии Коллеҷи тиббии иҷтимоии шаҳри Левакант  чорабиниро таҳти унвони “Истиқлолият кафили суботу оромии кишвар” доир намуд.

Лозим ба ёдоварист, ки кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳо, аз қабили чорабиниҳои варзишӣ, фарҳангию фароғатӣ, мизҳои мудаввар, суҳбату вохӯриҳо, шанбегиҳо ва аксияҳои ҳизбӣ баргузор намудаанд. Аз ҷумла, санаи 3 ноябри соли ҷорӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи ҳизбиро таҳти унвони “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - бахтномаи миллат” бо тақсимот намудани варақаҳои таблиғотӣ дар маркази шаҳри Бохтар байни сокинон баргузор намуда, ҳамзамон дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бахшида ба ин санаи муҳими таърихӣ ҷамъомад низ баргузор гардид.
 

Илова бар ин кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят  бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизҳои мудаввар таҳти унвонҳои “Конститутсия-шаҳодатномаи миллат”, “Конститутсия-санади муҳими тақдирсоз”, конференсияҳои назариявӣ-амалӣ дар мавзуъҳои “Конститутсия - иродаи мо ҷавонон дар роҳи давлатдории миллӣ”, чорабиниҳои фарҳангӣ, илмию сиёсӣ ва суҳбату вохӯриҳо дар байни аъзои ТҶҶ Созандагони Ватан, аксияҳои тарғиботӣ баргузор намуданд.
 

Ҳамчунин, аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мусобиқаҳои варзишии намуди футбол, волейбол, гӯштини миллӣ ва тенниси рӯи мизӣ низ доир карда шуд.    Бо мақсади ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он аксияи ҳизбиро таҳти унвони “Бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтихор дорем” доир намуда, танҳо аз ҷониби Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб зиёда аз 1000 адад варақаҳо ва тақвимҳои соли 2024 бо ҳамин шиор ба мардум дастрас гардид.

Ҳамчунин дар ин раванд аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бахшида ба ин рӯз зиёда аз 237 адад конференсия, 337 ҳамоиш, 125 адад озмун, 173 андеша ва 35 мақолаи таҳлилӣ, ҳамчунин бахшида ба Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 214 адад конференсия, 280 адад ҳамоиш, 91 адад озмун, 156 андеша ва 34 мақолаи таҳлилӣ ба роҳ монда шудааст.
 

Ҳамзамон дар ҳошияи баромади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ 40 адад конференсияҳо, 33 адад ҳамоишҳо, 1 адад озмун, 35 адад андеша ва 6 адад мақолаҳои таҳлилӣ амалӣ гардидааст. Таҷлили Рӯзи Парчами Ҷум-ҳурии Тоҷикистон низ аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо баргузории аксияву роҳпаймоиҳо бо ҷалби аъзою фаъолони ҲХДТ роҳандозӣ карда шуд.
 

Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 10 декабр зери унвони “ҲАФТАИ ҲХДТ” корҳои муайяне ба анҷом расонида шуд. Дар ин раванд аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он зиёда аз 200 маротиба аёдати собиқадорони ҳизб ва расонидани табрикоти роҳбарияти Олии ҳизб бо онҳо, 844 маротиба маҷлисҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ доир карда шуд.
 

Дар ин раванд дар мар-казҳои шаҳру ноҳияҳо 96 маротиба маҷлисҳои тантанавӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ, 100 маротиба озмунҳои расм ва иншои беҳтарин дар байни наврасони синни 14 то18 - сола зери унвони “ҲХДТ- ҳизби созанда, 20 чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ дар қисмҳои ҳарбӣ ташкил ва гузаронида шуданд.
 

Ҳамзамон дар доираи баргузории “Ҳафтаи ҲХДТ”  шиносоии ҷавонони то синни даъватӣ бо шароитҳои маишии қисмҳои ҳарбӣ, 202 мусобиқаи варзишӣ- оммавӣ оид ба намудҳои варзиши футбол ва волейбол байни ташкилотҳои ибтидоӣ барои дастёбӣ ба “Ҷоми маҳаллии ҲХДТ, 194 маротиба бо ҷалби волонтёрон баргузории Аксияи тозагӣ - тоза кардани шоҳроҳҳо ва марказҳои шаҳру ноҳияҳо аз партовҳо ва 42 барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби халқӣ ба роҳ монда шуд.    
 

Ҳамчунин бахшида ба 29-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар  ноҳияи Дӯстӣ чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони "Ҳизби мо тараннумгари афкори созанда ва дастовардҳои Истиқлол аст" бо иштироки  роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, раиси ноҳия ва ҷалби роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарону фаъолони ташкилоту муассисаҳо, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ,  волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Дӯстӣ  баргузор  гардид.
 

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ  бо намояндагии  ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба 29-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон санаи 6 декабри соли 2023 барои ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, "Илм фурӯғи маърифат" ва "Тоҷикон - оинаи таърихи миллат" хатсайри сайёҳӣ ташкил карда шуд.
 

Иштирокчиён аз хонамузейи Мавлоно Ҷалолиддини Балхии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ,  осорхонаи  Носири  Хусрави  қубо-диёнӣ дар ноҳияи Қубодиён, боғи    фарҳангӣ-фароғатии    ноҳияи Шаҳритус ва мавзеи "Чилучорчашма"-и ноҳияи Носири Хусрав дидан намуданд.
 

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти  Хатлон ҷиҳати  иҷрои дастури Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ “Дар бораи бо ҷалби соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва ташкилоту корхонаҳои дигар расонидани кумакҳои моддӣ ба ҷузъу томҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар арафаи Соли нави мелодии 2024” корҳои муайянеро ба анҷом расонид.
 

Бояд қайд намуд, ки санаи 29 декабри соли ҷорӣ дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар қисми низомии  ба номи Рустам Амакиеви Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Панҷ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.   Дар чорабинии солинавӣ барои афсарону сарбозони қисми низомии болозикр  дастархони идона ороста шуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карда шуд.  Илова бар ин ташкилоти ибтидоии “Фарҳангчиён”- и ноҳияи Панҷ барномаи фарҳангии идонаро  пешкаши афсарону сарбозон намуданд.
 

Қобили қайд аст, ки дар арафаи  Соли нави мелодии 2024 кумитаҳои иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо ҷалби  соҳибкорону  шахсони саховатпеша ва ташкилотҳои ибтидоӣ дар якчанд қисмҳои низомии ҷузъу томҳои ҳарбӣ  чорабиниҳои фарҳангӣ доир намуда, ба афсарону сарбозон дастархони идона оростанд.    Инчунин, ба онҳо маводҳои ғизоӣ, аз қабили гӯшт, равған, орд, картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ, донагию мевагӣ, маҳсулоти қаннодӣ,  маводҳои гигиенӣ ва инчунин туҳфаҳои солинавӣ дастрас гардид.
 

Дар сомонаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва шабакаи иҷтимоии “Facebook” дар давраи ҳисоботӣ 5255 мақолаи таҳлилӣ, андеша ва вокунишҳо дар самти татбиқи ҳадафҳои ҳизбӣ ва муқовимат бо гурӯҳҳои ифротӣ ва тундгаро таҳия ва нашр гардид. Ҳамзамон дар ин давра 32551 вокуниш шарҳ, баромади аудиоӣ ба маводҳои муғризонаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби гурӯҳи вокунишгарон интишор карда шуд.
 

Аз таҳлилу хулосабарориҳо бармеояд, ки аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо дар соли 2023 ҷамъи маводҳо 21940  ададро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта  9913 адад зиёд аст.
Вобаста ба пешниҳоди андеша кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои Левакант, Темурмалик, Дӯстӣ, Носири Хусрав, Муъминобод,  Қубодиён, вобаста ба самти вокуниш бошад дар сомонаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят фаъолияти кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои Қубодиён, Дӯстӣ, Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Темурмалик, Муъминобод ба талабот ҷавобгӯй нестанд.
Бинобар ин, аз роҳбарияти кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои болозикр талаб карда мешавад, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта чораандешӣ намоянд.

 

Бояд қайд кард, ки баъзан  маводҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр мерасанд, аз ҷиҳати мазмун ва сифат мувофиқи матлаб нестанд. Аз ин лиҳоз, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳо ва масъулини бахши таблиғотӣ вазифадор карда шаванд, ки ба  масъалаи мазкур диқкати ҷиддӣ диҳанд.
 

Қайд кардан зарур аст, ки дар соли 2023 аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 31 адад мақолаҳо дар нашрияи “Минбари халқ”  нашр гардидааст. Мутаассифона, аз тарафи кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру  ноҳияҳои  Ҷайҳун, Левакант,  Муъминобод,  Ховалинг,  Ҳамадонӣ, Панҷ ва  Восеъ  дар  ин давра ягон мақола пешниҳод нагардидааст.
 

Бо мақсади иҷрои саривақтии нақшаи обуна ба нашрияи “Минбари халқ” барои соли 2024 дар назди кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ситодҳо таъсис дода шуда буд. Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон нақшаи  обуна ба “Минбари халқ”-ро пеш аз муҳлат 100 фоиз иҷро намудааст. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба узви Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, ба ҳамаи кормандони масъули ҳизбӣ, фаъолони ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо ва раисони шаҳру ноҳияҳо, ки худ аъзои Раёсат ва кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо мебошанд, инчунин ба роҳбарияти Почтаи тоҷик дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он барои мусоидати ҳамаҷониба дар амалӣ гаштани нақшаи обунашавӣ ба нашрияҳои ҳизбии марказӣ ва вилоятии ҲХДТ изҳори сипос ва миннатдорӣ менамояд.
 

Дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни сокинони касбу кори гуногун ва шаҳрвандони бекор аз ҷониби масъулини кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо мақсади ҷалб ва сафарбар кардани онҳо ба ҷойҳои кори холӣ дар иншоотҳои ҶСК “НБО Роғун” чорабиниҳою корҳои фаҳмондадиҳӣ мунтазам доир карда шуд. Масъалаи бо кор ҷалб намудани сокинон ба иншоотҳои ҶСК НБО “Роғун” зери таваҷчуҳи ҳамарӯзаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он қарор дорад.
 

Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон тақсимоти роҳхатҳо вобаста ба шароити ҳар як шаҳру ноҳияҳо сурат гирифта, то санаи якуми декабри соли равон  404 нафар шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар сохтмони иншооти ҶСК НБО “Роғун” ба кор ҷалб карда шудаанд.
 

Дар асоси қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2023, №2 бо мақсади тақвияти худшиносии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстии шаҳрвандон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон санаи якуми ноябри соли равон ба шаҳри Роғун хатсайри сайёҳӣ таъсис дода, сафари  140  нафар ҳизбиёни вилоятро барои дидан намудан  аз ин иншооти бузурги аср роҳандозӣ намуд.
 

Ҳамзамон бо иштироки аҳли адабу ҳунар чорабиниҳои адабию фарҳангӣ баргузор намуда, барои сохтмончиён хӯроки нисфирӯзӣ ташкил карда шуд.    Иловатан бо дастгирии бевоситаи узви Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба сохтмончиёни НБО Роғун наздики 10 тонна маводи хӯрока кумаки моддӣ расонида шуд.
 

Дар давраи ҳисоботӣ 28 нафар раисон, муовинони раис, қисме аз намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар курсҳои бозомӯзии назди Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ сатҳи дониш ва малакаи маҳорати роҳбарии худро баланд бардоштанд. Ҳамзамон раисони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Данғара ва Кӯшониён дар ҳайати гурӯҳи кории ҲХДТ таҳти роҳбарии Муовини якуми Раиси ҲХДТ муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор моҳи ноябри соли ба 2023 Ҷумҳурии Халқии Хитой  сафар намуда, аз фаъолияти Ҳизби Коммунисти Хитой шиносоӣ пайдо намуда, таҷриба андухтанд.
 

Бо дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 7-11 августи соли 2023 гурӯҳҳои кории муштарак бо иштироки намояндагони ҲХДТ ба 7 минтақаи Федератсияи Россия сафар намуда, бо муҳоҷирони меҳнатӣ суҳбату вохӯриҳо намуда, дар бораи пешгирии гаравидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, экстремистӣ ва ғайриқонунӣ, худдорӣ аз амалҳои номатлуби зидди миллат ва давлати Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Зикр бояд кард, ки роҳбари гурӯҳи кории шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқардистони Россияро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро бар уҳда дошт.
 

Дар умум, нишондиҳандаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии вилоят дар давраи ҷамъбастӣ дар таносуб ба ҳамин давраи соли гузашта барзиёд иҷрошуда арзёбӣ мегардад ва кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки минбаъд низ ин нишондиҳандаҳо боз ҳам беҳтар татбиқ гардида, ташаббусҳои пешгирифтаи ҳизбӣ дар сатҳу сифати баланд ташкил ва амалӣ карда шаванд.
 

Албатта, ҳанӯз дар фаъолияти сохторҳои ҳизбии вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳои он камбудию норасоиҳо ҷой доранд ва барои бартараф сохтани онҳо ҳамарӯза мо чорабиниҳои гуногунро гузаронида истода, ислоҳи саривақтии онҳоро зери назорати қатъӣ қарор додаем.
 

Инчунин, Саидзода Ҷамшед Ҳамро аз ҳамаи аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, фаъолони ҳизб ва кормандони масъули кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо даъват ба амал овард, ки соли таҷлили 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Соли маърифати ҳуқуқӣ ва 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ташаббусҳои созанда, ободкорӣ, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои сохторҳои болоии ҲХДТ ва натиҷаҳои баланди меҳнатӣ ҷамъбаст намуда, дар чорабиниҳои ба ин ҷашнвораҳо иштироки фаъолона намуда, дар амалишавии ҳадафу мақсадҳои оинномавии ҳизбамон саҳми босазои худро гузорем.
 

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон минбаъд низ саъй менамояд, ки дастуру супоришҳо ва сиёсати созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ  ба таври дахлдор татбиқ гарданд.
 

Саидзода Ҷамшед Ҳамро дар фарҷоми сухан ба ҳамаи аъзои ҳизб дар соли ҷашни 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва Соли маърифати ҳуқуқӣ комёбиҳои беназир таманно намуд.
 

Сипас, Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон зимни баромади хеш таъкид кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият ба туфайли иқдомҳои пайвастаи Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нобасомониҳои дохилӣ ва буҳрони иқтисодию иҷтимоӣ хотима бахшида, ба дастоварди бузурги таърихӣ, иттиҳоди миллӣ, ризоияти ҷомеа, фазои мусоиди сулҳу субот, рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиёт, баланд шудани сатҳи зиндагӣ ва такомули давлати соҳибистиқлол ноил гашт. Дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар суханрониҳояшон дар бораи дастовардҳои солҳои ахири кишвар возеҳу равшан таъкид намудаанд.
Мусаллам аст, ки имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба сифати ҳизби фаъолу бонуфуз дар байни мардум мақому манзалат ва обрӯи калонро касб намудааст. Ҳизб чунин афзалиятро тавассути барномаҳои ҳадафманд, ки баҳри пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст, соҳиб гаштааст.

 

Ҳамчунин, дар идома Фирӯза Шарифӣ аз дастоварду комёбиҳои ҳизбиёни вилоят ёдовар шуда, барои боз ҳам тақвият бахшидани кори ҳизбӣ якчанд тавсияҳои судманд пешниҳод намуд. Дар идомаи маҷлис, Латифзода Асрор Қурбон, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баромад намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ иброз доштанд, ки ҳадафи асосии баргузории маҷлис, баррасии роҳҳои муассири амалӣ намудани ташаббусҳои Тоҷикистон доир ба ҳалли мушкилоти глобалӣ ва дар ин раванд баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстию ватанпарастии мардуми кишвар ва ба хотири ҳимояи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, пешрафти давлат ва ободии Ватан мебошад.
 

Ҳамчунин, муҳтарам Раиси муаззами ҳизб қайд намуданд, ки таҳлилу натиҷагирӣ аз корҳои иҷрогардида ва дарёфти самтҳои мушаххаси фаъолияти минбаъда имкон медиҳад, ки кори ташкилотҳои ҳизбӣ, бахусус дар шароити мураккабӣ минтақа ва ҷаҳон ба таври устувор ба роҳ монда шавад. Дар шароити ниҳоят ҳассосу пуртазоди ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯз то рӯз мураккаб гардидани вазъи геополетикӣ ва шиддат гирифтани бархурди манфиатҳои абарқудратҳо масъалаи ҳифзи давлату давлатдории миллӣ ва таҳкими аркони он аҳамияти торафт ҷиддӣ ва ҳаётӣ пайдо карда истодааст.
 

Латифзода Асрор Қурбон дар идомаи суханронии хеш фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро мусбат арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки ҷиҳати ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта ва тақвият бахшидани чорабиниҳои ҳизбӣ, ташвиқу тарғиби дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ ва суҳбату вохӯриҳо миёни мардум чораҳои зарурӣ андешида шавад.
 

Сипас,  раисони кумитаҳои иҷроияи ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Темурмалик ба музокира баромаданд. Бояд гуфт, ки дар қисми ниҳоии маҷлис ҷамъбасти озмуни Обуна ба нашрияи ҳизбии «Ҳамрози халқ», ки аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят роҳандозӣ гадида буд, ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар озмуни мазкур дар гурӯҳи аввал тими Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон ва Восеъ сазовори ҷойи сеюм гардида, бо Дипломи дараҷаи 3 ва ба маблағи 2000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд. Мақоми якумро тими Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён соҳиб гардида ба маблағи 5000 сомонӣ сарфароз гардонида шуд. Мақоми дуввумро тими Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ва ноҳияи Қубодиён соҳиб гардида, бо Дипломи дараҷаи 2 ва ба маблағи 3500 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.
 

Дар гурӯҳи дуввум бошад тими кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои Левакант, Балҷувон, Норак сазовори ҷойи сеюм гардида, бо Дипломи дараҷаи 3 ва соҳиби 1500 сомонӣ гардиданд. Тими кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои Носири Хусрав, Темурмалик сазовори ҷойи дуюм гардида, бо Дипломи дараҷаи 2 ва соҳиби 2500 сомонӣ гардиданд.
 

Тими Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус сазовори ҷойи якум гардид, ки бо Дипломи дараҷаи 1 ва ба маблағи 4000 сомонӣ сарфароз гардонида шуд. Боиси зикр аст, ки ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ дар кори ҳизбӣ миёни кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят “Ҷоми сайёр”-и Рейтинги ҳизбӣ таъсис дода шуда, ҳар семоҳа ба кумитаи ҷойи аввалро ишғолнамуда тақдим карда мешавад. Дар ҷамъбасти нуҳ моҳаи соли 2023 “Ҷоми сайёр” ба тими Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Фархор гузашта буд, акнун он ба кумитаи пешсаф супорида шуд.

Ҷойи сеюм ба тими Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Кӯшониён, ҷойи дуюм ба тими Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фархор ва тими Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Кӯлоб, сазовори ҷойи аввал ва сазовори “Ҷоми сайёр”-и Рейтинги ҳизбӣ гардид.
Ҳамчунин, Абдувоҳидзода Дилшод, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон барои фаъолияти хуби сарпарстии шаҳри Кӯлоб, Расулов Толиб, мудири шуъбаи молиявии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Арзанов Фарҳод, сармутахассиси Раёсати Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ дар вилояти Хатлон ва як қатор фаъолони ҳизбӣ бо Сипосномаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.

Амонҷон Муҳиддинов,
“Ҳамрози халқ”