ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ПАЙВАНДГАРИ НАСЛИ ИМРӮЗА БА ТАЪРИХИ ГУЗАШТА

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳунарҳои мардумӣ дар кишвари мо баёнгари миллати меҳнатдӯсту ҳунарпарвари тоҷик буда, пайвандгари насли имрӯза ба гузаштаи таърихи башариятанд. Яке аз чунин ҳунарҳои маъруфу машҳургашта ин чакан мебошад. Гулдӯзии чакан яке аз ҳунарҳои қадимаи халқи тоҷик буда, аз рушдкардатарин навъи ҳунар ба ҳисоб меравад. Гулдӯзии чакан асрҳост, ки як ҷузъи фарҳанги миллати тоҷик ба шумор меравад. Занҳои гулдасту ҳунарманд ба хотири қонеъ намудани талаботи мардум ба намудҳои гуногуни гулдӯзиии чаканро пеша намуда, ҳамзамон нозукиҳои ин ҳунарро ба дигарон меомӯзонанд.