Идомаи маъракаи ниҳолшинонӣ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади ободу зебо ва сарсабзу хуррам гардонидани як гӯшаи диёр,  дар МТМУ №3-и ноҳияи Восеъ корҳои ободонию зебогардонӣ ва алалхусус ниҳолшинонӣ босуръат идома дорад. Дар ин ҳашари дастаҷамъона як гурӯҳи хонандагони муассиса ва кормандони хоҷагӣ ширкат варзида, дар обод намудани як гӯшаи муассиса саҳми босазои худро гузоштанд. Дар муассиса бо роҳбарии директори муассиса Гулов Рустам як миқдор дарахтони сояафкан ва мевадиҳанда шинонида шуд. Дар қисмати дигари муассиса бошад, бо мақсади зеботар гардонидани нумӯи ин даргоҳ гулҳои гуногуни ороишӣ шинонида шуд. Қобили зикр аст, ки масъулони муассисаи мазкур саҳм гузоштан дар ободиву шукуфоии як гӯшаи диёрро мароми худ меҳисобанд,  бинобар ин сабаб ҳамеша саҳми хешро дар ҳифзи муҳити зист, ҳифзи табиат ва корҳои созандагиву ободкорӣ мегузоранд.